Бозигари латхӯрдаи “Равшан” ҷарроҳӣ шуд
Абдусамад Ҳоҷибоев, яке аз бозигарони моҳири тими футболи “Равшан”-и Кӯлоб ҷарроҳӣ шуд.
Тавре Маъруф Рустамов, сармураббии дастаи “Равшан” ба “Озодагон” иттилоъ дод, Абдусамад Ҳоҷибоев, ки ҳамзамон нимҳимоятгари Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон аст, дар рафти тамрин бо дастаи мунтахаби миллӣ аз зонуяш лат хӯрда буд ва ҷарроҳии ӯ рӯзи 19-уми августи соли ҷорӣ дар беморхонаи шаҳри Турсунзода бомуваффақият анҷом ёфт.
Маъруф Рустамов афзуд, умед доранд, ки Абдусамад Ҳоҷибоев пас аз ҷарроҳӣ шифои комил ёбад ва афзуд, ки ин бозигар дар мавсими имсолаи футбол ширкат карда наметавонад.
Ёдовар мешавем, ки Абдусамад Ҳоҷибоеви 23- сола, аз аввали мавсими имсолаи футбол аз клуби “Энергетик”-и Душанбе ба дастаи “Равшан”-и Кӯлоб пайваста буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |