Бахшҳо

Ваъдаҳои пешазинтихоботии мухолифини Эмомалӣ Раҳмон

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, дар консепсияи пешазинтихоботии худ, ки шакли ниҳоияш аллакай тасдиқ ёфт, авфи маҳбусони сиёсӣ, тибу маорифи ройгон, роҳҳои бепул, таъминоти пурра бо барқ, маоши баланд ва як қатор тағйироти конститутсиониро мақсад гузоштаанд.

Дар консепсия, ки лоиҳаи ниҳоияш имрӯз, 20-уми август тасдиқ шуд ва интизор меравад, 24-уми август, ба тасвиб расад, аз ҷумла омадааст:

Санади мазкур дидгоҳҳои умумии ҳизбу созмонҳо ва шахсиятҳои аъзои ИНИТ дар бораи ояндаи Тоҷикистон мебошад, ки бояд меҳвари барномаи интихоботии номзади ягонаи он қарор бигирад.

I. Ислоҳоти конститутсионӣ

Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ, хусусан:

а) маҳдуд намудани муҳлати президентӣ ба ду чорсола ва тақсими салоҳиятҳои идораи давлат байни Президент, Сарвазир ва парламент;

б) боқӣ мондани Президент ҳамчун сарвари давлат ва гузоштани роҳбарии ҳокимияти иҷроия ба души Сарвазир;

в) гузаштан ба Парлумони якпалатагӣ бо таъмини намояндагии ҳамаи шаҳру ноҳияҳо (90 вакил + 60 вакил аз руйхати аҳзоб, ҷамъ 150 вакил);

г) ҳизби ғолиб номзадии Сарвазирро ба Президент барои пешниҳод ба Парлумон муаррифӣ мекунад. Дар сурати аксарияти овозҳоро нагирифтани ягон ҳизб, эътилофи аҳзоби парлумонӣ номзад ба мақоми Сарвазирро ба Президент муаррифӣ мекунад. Сарвазири интихобшуда аъзои ҳукуматро барои таъйид ба Парлумон пешниҳод менамояд;

д) интихобӣ будани раисони вилоят, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо;

е) интихобӣ будани судяҳои ҳама зинаҳои судӣ;

ж) интихоби раиси КМИР дар ҷаласаи Парламенти ҶТ бо пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ.

II. Ҳадаф ва принсипҳои асосӣ

Таъмини воқеии:

а) мардумсолорӣ ва баробарии ҳама дар назди қонун ва суд;

б) адолати иҷтимоӣ;

в) фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва хидматрасонии босифату баробари давлатии иҷтимоӣ барои аҳолии Тоҷикистон;

г) амали ҳокимияти давлатӣ дар асоси тақсими салоҳиятҳо байни ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;

д) фазои рушди соҳибкории хурду миёна ва муҳити солими сармоягузорӣ;

е) рушди ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ, озодии виҷдон, сухан, фаъолият, мусофират ва ВАО;

ж) шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳисоботдиҳанда будани ҳама зинаҳои он дар назди ҷомеа;

з) тамомияти арзии кишвар.

III. Барномаи амалӣ

а) соҳаи иқтисод, иҷтимоиёт ва маънавиёт

- таъмини сиёсати солими кадрӣ, муборизаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ бар зидди фасод (коррупсия), маҳалгароӣ ва хешу таборчигӣ дар идораи давлатӣ;

- таъмини сиёсати рушди истеҳсолот, хусусан саноат, аз нав дида баромадани низоми андозбандӣ, боҷситонӣ ва гумрук ба хотири таъмин ва рушди шароити соҳибкорӣ ва истеҳсолот;

- аз нав дида баромадани сиёсати давлатии муҳоҷират ва таъмини сифатии он, бо таъмини авлавияти истеҳсолот ва эҷоди ҷойҳои корӣ бо маоши сазовор дар дохили кишвар;

- ба вуҷуд овардани фазои мусоиди сармоягузории хориҷӣ, ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ барои роҳандозии истеҳсолоти саноатӣ;

- таъмини пурраи аҳолии Тоҷикистон бо барқ;

- таъмини ҳадди ақали музди меҳнати баробар бо мизони сабади истеъмолӣ;

- таъмини хидматрасонии ройгон ва босифати тиббӣ ба аҳолӣ, ҷорӣ намудани кумакҳои тиббии имтиёзнок барои нафақахӯрон, маъюбон ва қишрҳои осебпазири аҳолӣ;

- таъмини назорати истифодаи грантҳо, кумакҳои башардустона, кредитҳо ва дигар қарзҳо;

- таъмини босифати рушди маориф ва бепул кардани низоми таҳсилоти ҳамагонӣ;

- бартарият додан ба самтҳои улуми дақиқ, таҷрибӣ ва технологӣ (на камтар 65%) дар низоми маориф;

- ворид намудани хидмати алтернативӣ дар артиш ва тадриҷан гузаштан ба артиши касбӣ;

- қотеъона даст кашидан аз пулакӣ кардани роҳҳо бе таъмини роҳҳои алтернативӣ;

б) соҳаи кишоварзӣ

- таъмини одилонаи ислоҳоти замин ва танзими ҳуқуқии заминдорӣ, хусусан дар муносибатҳои қарзӣ ва замонати бонкӣ, бо додани бартарият барои рушди соҳаи агросаноатӣ;

- ислоҳоти воқеии аграрӣ, хусусан дар соҳаҳои истифодаи замин, мелиоратсия, хоҷагии об, бо мақсади баргардонидани замин ва воситаҳои асосии кишоварзӣ ба деҳқонон ва соҳибкорон дар ин соҳа;

- таъмини имтиёзҳои мақсаднок ба кормандони соҳаи кишоварзӣ дар асоси озмун барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, аз ҷумла озод кардани соҳа аз андозбандӣ;

в) соҳаи сиёсӣ, муносибатҳои давлат ва дин:

- эълони афви умум барои маҳбусони сиёсӣ ва афроде, ки барои андеша, ақида ва мавқеи сиёсӣ ё динӣ ҳабс шудаанд;

- аз нав дида баромадани қонунгузорие, ки боиси маҳдуд шудани озодиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва маънавии шаҳрвандон гаштаанд;

- таъмини ҳуқуқи озодона муттаҳид шудан ва ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла динӣ;

- таъмини воқеии принсипи ҷудоӣ байни ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣ.

г) соҳаи сиёсати хориҷӣ

- муайян ва мушаххас намудани бартариятҳои манофеъи миллӣ ва принсипҳои сиёсати хориҷии ҶТ бо давлатҳои дуру наздик, созмонҳои байналмилалии байнидавлатӣ ва ғайридавлатӣ;

- бознигарии муносибатҳо бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба хотири беҳтар кардани равобити дутарафа ва бисёртарафа, расидан ба низоми бидуни раводид (виза) бо ин кишварҳо, дастёбӣ ба тиҷорат ва ҳамкориҳои имтиёзнок байни Тоҷикистон ва ҳама кишварҳои минтақа;

- аз нав дида баромадан ва такмили қонунгузории ҶТ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ.

IV. Муқаррароти ниҳоӣ

а) Ин Консепсия барои як давраи 4 - солаи гузариш аз низоми авторитарӣ ба низоми воқеан демократӣ пешбинӣ шудааст, ки номзад уҳдадор мешавад, дар сурати интихоб шуданаш ба мансаби Президенти ҶТ, онро амалӣ намояд;

б) агарчи Сарқонуни кишвар муҳлати президентиро 7 сол муайян кардааст, вале номзад ба президентӣ аз ИНИТ уҳдадор мешавад, ки барномаи давраи гузаришро дар муддати то чор сол анҷом дода, шароитро барои баргузории интихоботҳои озоду шаффофи парламентӣ ва президентӣ омода месозад;

в) Дар сурати Президент интихоб шудани номзади ИНИТ, номбурда ҳаққи пешбарӣ намудани номзадиашро ба мақоми президентӣ дар давраи навбатии пас аз чорсолаи гузариш, надорад;

г) Дар давраи гузариш Ҳукумат бояд аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳо ташкил шавад, ки авлавият ба ҷавонон дода мешавад. Ҳиссаи бонувон дар ҳукумати оянда на камтар аз чоряки аъзои он бошад. Инчунин, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар умум на бештар аз 40 дарсади аъзои ҳукуматро ташкил намоянд.
Мӯҳр
Консепсияи хеле оли аст, вале фаромуш набояд кард, ки дар хавзахои интихоботи голибро аз руи блютенхои овоздодашуда муайян намекунанд. Балки тибки супориши боло дар корордод менаисанд ва таин мекунанд. Инро тарафдорони президент медонанд ва Чаноби Оли ба овози мову Шумо эхтиёч надоранд. ин аст, ки хама гуна консепсия новобаста ба он ки мардум онро чи гуна кабул мекунанд, номуваффак хохад буд.

Акрам
Агар мо хохем ки оянда икшвари мо озоду демократи бошад, бояд талош кунем фикр набояд кард ки Рахмон аз вазифа рафтани нест.Зеро кудрат дар дасти Худованд аст ва маргу зиндаги хам дар дасти Уст. Бояд хизбхо вазифаи худро анчом диханд, новобаста аз он ки муваффак мешаванд ё не! Агар талош кунанд Худованд беачрашон намегузорад. Албатта хадаф набояд вазифа гирифтан бошад, балки бояд хадаф халос кардани мардум аз истисмори як кас ва як гурух ва як хонавода бошад, бояд хадаф ин бошад ки хатто як пора нонеи ки адр давлат хаст бояд байни хамаи мардум бароба таксим шавад, бояд адолати ичтимои баркарор шавад на ин, ки президенту вазирону духтарону домодону кудахову хохурхову аппахову додархояшон дар касрхову дачахо зиндаги кунанду , мардуми бечора дар миёни душту сахрову пахтазору тапак кардану гуломи барои русхо!??????

Илхоми
зиёд гуфтаанд ва накшахои нагз, лекин инхоро чигуна амали мекунанд. барои ин пеш аз хама маблаг зарур аст аммо макони пайдо намудани он кучо хаст. зеро он чизе гуфтаанд имруз Точикистон имкон надорад, аниктараш ин гуна маблаг нест.

рачабмурод
ин асари кишлоки тилоира ки навишта бошад дар асри 21.
муалифаш кабири ва зоирчик.
Асп поша наъл кардай Курбака низ поша дароз кардай ки пои манам наъл кнен. зоиров низ ба мисли хамин маколаи халки рафтор кардай

аслан
Сад дар сад бародари Акрам рост мегуяд. Бас будаст харомию мардумозори, Адолат гуфта халкро гулом карданд. оилахои призедент хама сохиби вазифа сохиби дачаю хонахои бохашамат. халки бечора гушнаю ташна гаштастай дар Россия сара хам карда ....

Абдулло
....... "г)Дар сурати Президент интихоб шудани номзади ИНИТ, номбурда ҳаққи пешбарӣ намудани номзадиашро ба мақоми президентӣ дар давраи навбатии пас аз чорсолаи гузариш, надорад;"- ИН ТАМОМАН ЗИДДИХУКУКИСТ, ЗЕРО ЯК ГУРУХ ВАКТЕ ДАР НАЗДИ НОМЗАД ВА ХУДО НАКУНАД ПРЕЗИДЕНТИ ОЯНДА ШАРТ МЕГУЗОРАНД ВА УРО БО ХАМИН РОХ ИДОРА МЕКУНАНД ИНРО НАМЕТАВОН НИЗОМИ ИДОРАИ ПРЕЗИДЕНТИ ВА Ё ДЕМОКРАТИ НОМИД. ИН ДАСТАЧАМЪОНА ИДОРА КАРДАН ВА Ё ГАСБИ ХОКИМИЯТ АСТ!!!!!!!

МАСЛИХАТИ МУФИД: БАРОИ АМАЛИ КАРДАНИ ИН БАРНОМА ХАЗРАТИ ИСО (А) ДАЪВАТ КУНЕД ВА УРО НОМЗАД КУНЕД ВА Ё ЯГОН ОДАМЕРО КИ ХИЗМАТИ АВРУПОВУ АМРИКОРО КУНАД НОМЗАД КУНЕД. ЗЕРО ТАНХО ХАМИН КАБИЛ ОДАМОН МЕТАВОНАНД ОНРО АМАЛИ КУНАНД. АММО БОЗ ХАМ ВОЙ БАР ХОЛИ МАРДУМИ БЕЧОРА КИ КУРБОНИ МАНСАБХОХИ ВА АЗХУДКУНИВУ НАМОИШИ КУДРАТИ ХОРИЧИХО ХОХАНД ШУД!!!!!!!

мухочир
мардак барин агар интихобот бетакалуб гузарад Рахмон 15 фоиз овоз мегираду халос. мисол мо дар як утоки 2хона 25 нафар аз тамои гушайи ТЧ истикомат дорем, ягон нафаре нес дар мобайни мо, ки Э Рро чонибдор бошанд. хулас 1 милион нафар аз рузи сахташона мухочир шудаанду азобу машакат мекашашанд ва гунахгори асоси Э Р медонанд ва мукобили он рай медханд. ин малумот асос дорад касе бовар надорад мархамат бо чашми худ биояд бинад

har fardi banomis boyad gami halki hud va vatani hudro hurad. purre dastgiri menamoem. Agar bo sharte, ki in hukumati nav ham vadahilofi nakunad misli peshinaho. HUDO MADADGORATON BOD

Сиёвуш
Ин хукукшиносони ба истилох хирфаи конуни забонро вайрон кардаанд.
Тибки алифбои забони точики а, б, в, г, г, д, е, ё, ж, ... меоянд.
Аммо онхо хангоми гурухбанди аз тартиби алифбо фаромуш кардаанд ё аник намедонанд, ки алифбои точики тагйир кардааст. Пас ин сиёсатбозхо дар чомеа ва сарконун чи гуна тагйирот ворид месозанд.
Вай бар холи миллати точик, ки мухолифонаш аз хукуматихо дида пуриштибоханд!!!

лоихаи хуб аст вале бояд фикр кард инро чи хел амали кард ин аз имкониятхои точ.берун аст!инхо ваъдахои осмони хастанд хусусан ришвахуриро дар 4 сол нест кардан аз имкон берун аст !хулас консепсия ваъдахои пешазинтихоботии як номзади през-и эронро ба ёдам овард ки даъвои Точ,Арм,Озр.карда буд ва он кас камтар аз 8%овоз гирифт

Шахрванд
Мардуми азизу шариф осудагиву оромии фарзандонатонро фикр карда ба ин афсонахо бовар накунед. Дар шаби хобатон мебинед ройгонии тибу маориф барку газро, инхо бовар кунед дар фиреби мардуманд ба гапхои ман хафа нашаведу дар ягони лаби гиребонатон баста гиред рафту ин порахурони хоричи хокимиятро гирифтанд очаи зоратона нишон медиханд инхо он чи дар шаби хобашон дидаанд як фикри хомро пешкаши шумо кардаанд. Мардуми точик охир фирефтаи Зоирову дигар нашавед аз хама чи барои мо ороми аст хаминро аз даст надихед.Инхо максадашон хокимиятро ба даст овардан аст тамом.

Аллох баракатон дихад ана ин барномаи пешниход кардаатон бисёр ба халк наздикаст ва боиси дасгирист Худованд кувату голибият насибатон гардад ин халки дар азият карор дошта начот ёбад...

Ман дар корхонаи Росстрой камбинат бо хамрохи 142нафар зам милатонам ки аз тамоми минтакаи Точикистонан кор мекунем мо бо тамоми вучудамон дар ин интихоботи дар пеш истода ба хизби Ххдт овоз намедихем ва аз чаноби Зоиров хохиш менамоем ки овозхои моро хифз намуда як маротиба бо мо вохури гузаронад дар Москов

сугд
мо мехохем ки эмомали рахмон призидент бимонд то абад ин хо огои зоиров ва дигарон ки мехоханд призидент шаванд корашон буд ки шуд ба мардум нигох намекунанд

афсонахои оппозисияи точик..гуем хато нахохем кард...асасон.кисмхои ичтимои иктисоди ва маориф..ваъдахои бардуруг хозор фоиз..ичронашаванда..миллион фоиз...
ва охиран...чор сол мухлати президентиро ки муайян мекунад...бояд райпурси шавад..хатман...о онхо худро конундон мегуянд...мывакатти президент намешавад..ин гуна конун нест. худатон метарсед худро пешбари кунед..ягон каси гарибро бузбози меандозед...магар ин мардист..
ва охиран на як касатон..на харсеятон ..яклухт пешбари хам шавед...сифр овоз мегиред..не о.10 фоиз...мумкин аст..ки...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)