Боздошти “табибе”, ки ба мизоҷонаш дастдарозӣ мекардааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти табиби мардумие хабар дод, ки ба духтарону занҳо тариқи фиреб дастдарозӣ мекардааст.
Тавре Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Асадулло Иброҳимови 47 сола, сокини кӯчаи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, худро табиби мардумӣ муаррифӣ намуда, занон ва духтарони ҷавонро ба доми фиреб меандохтааст ва ба онҳо дастдарозӣ мекардааст.
Ба иттилои мақомот боздоштшуда ба баҳонаи он, ки тариқи дуохонӣ духтаронро аз маризӣ раҳо мекунад, онҳоро ба дом андохта, муносибати шаҳвонӣ мекардаст. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, алайҳи Асадулло Иброҳимов айни замон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |