Тавофуқоти Раҳмону Шинаватра дар бораи хатсайри Душанбе-Бангкок
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 19-уми август бо Йинглак Шинаватра, сарвазири Таиланд нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас дар музокироти сатҳи олӣ мавзӯъҳои ҳамгироии сиёсӣ дар минтақаи Осиё ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитариро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо таъкид намудаанд, ки “оид ба аксари масъалаҳои доғи рӯз ва марбут ба мушкилоти умдаи глобалӣ мавқеи монанд ё ба ҳам наздик дошта, барои дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо кӯшишҳои муштарак анҷом медиҳанд”.
Бино ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, “шоҳигарии Тайиланд аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки ҳамеша дар қатори ҷонибдорони иқдоми глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об қарор дорад ва иштироки ҳайати воломақоми ин кишвар дар чорабинии муҳимтарини Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об боз як нишонаи мавқеи хайрхоҳонаи он нисбати ташаббусҳои созандаи кишвари мо мебошад”.
Йинглак Шинаватра дар навбати худ баён доштааст, ки “мо пешвоию раҳнамоии Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон дар соҳаи об ва “энергетикаи сабз” баланд қадрдонӣ карда, аз он пайваста пуштибонӣ менамоем”.
Ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки барои густариши бештари робитаҳои мустақим, аз ҷумла барои рушди туризм миёни пойтахтҳои ду кишвар, шаҳрҳои Душанбею Бангкок хатсайри мустақими ҳавоӣ кушода шавад.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, расмӣ ва хизматӣ ба имзо расида, эъломияи муштарак қабул гардид.
Баробари ин имрӯз 19-уми август Эмомалӣ Раҳмон, як қатор меҳмононро, ки барои ширкат дар конфронси байналмилалии об ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфта, масоили мубрами Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намудааст. Нишасти байналмилалии об дар Душанбе 20-21-уми август бо иштироки намояндагони беш аз 70 кишвари дунё дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |