Додситонӣ ба Зоиров: Истифодаи пулҳои хориҷӣ дар интихобот манъ аст
Додситонии кулли Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократиро дар мавриди сафарҳои ахираш ба Қазоқистон, Русия ва инчунин ҳаводиси Хоруғ бозпурсӣ намудааст.
Тавре Зоиров ба “Озодагон” гуфт, дар бозпурсии рӯзи шанбеи 17-уми август, мақомот таъкидан ба ӯ хотиррасон кардаанд, қонунгузории Тоҷикистон истифодаи маблағҳои кишварҳои хориҷиро ҳангоми интихобот манъ кардааст.
Зоиров мегӯяд, ахиран ба Алмато, Санкт Петербург ва Маскав сафар доштааст, то бо муҳоҷирони тарафдори ҲСДТ, ҲНИТ, “Ватандор” ва “гуруҳи 24” мулоқот кунад: “Инчунин бо адвокатҳо дар Маскав ва аъзоёни сотсиал-демократи Русия мулоқот намудам.”
Ин дуюмин бозпурсии Раҳматилло Зоиров дар додситонии кулли Тоҷикистон мебошад. Бозпурсии аввалаш аввали моҳи равон сурат гирифта, мақомот аз Зоиров шарҳи изҳороташро дар мавриди ҳаводиси Хоруғ ва дигар масоили рӯзмарра талаб кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |