(Аксу видео) Нороҳатиҳо аз ҳузури меҳмонони баландпоя дар Душанбе
Роҳбандон, ки дар Душанбе як мушкили рузмарра аст, бо омадани меҳмонони хориҷӣ барои иштирок дар конфронси байналмилалии об, якбора шиддат ёфтааст.
Баргузории конфронси байналмилалии об, ки рӯзҳои 20-21-уми август, бо ҳузури намояндагони беш аз 70 давлат дар Душанбе дар назар аст, сокинон ва меҳмонони дигари пойтахти кишварро аз имкони рафтуомади озод дар роҳҳои асосии он маҳрум кардааст.
Дар навору аксҳое, ки хабарнигорони “Озодагон” аз кӯчаҳои марказии Душанбе гирифтаанд, ронандагону мусофирон соатҳо дар роҳбандон дармондаанд.
Зиёратшоҳ Хушов, муовини сардори БДА-и шаҳри Душанбе дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, нозиронро ба макони танбашавии мошинҳо сафарбар кардаанд, вале “аз сабабе, ки роҳҳои марказӣ бастаанд, танбашавии роҳҳо ногузир аст. Мо наметавонем меҳмонони воломақомро бидуни риояи бехатарӣ пешвоз гирем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |