Интихоби Бобоев ба ҷои Қурбонгулӣ Бердимуаҳаммадов

Қосимгулӣ Бобоев ба ҷои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов раиси Ҳизби демократии Туркманистон интихоб гардид.
Ба иттилои расонаҳои туркманӣ, Ҳизби демократии Туркманистон Ҳафтумин кунгураи худро рӯзи 18-уми августи соли ҷорӣ дар Ашқобод баргузор карда, дар он Қосимгулӣ Бобоевро барои худ раиси интихоб намуд.
Ин дар ҳолест, ки дар гузашта раҳбарии ин ҳизб бар уҳдаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури вақти Туркманистон буд.
Ҳизби демократии Туркманистон соли 1991 дар ҷои Ҳизби комунистии Туркманистони Шӯравӣ таъсис ёфта, тайи 20 сол ягона ҳизби амалкунандаи ин кишвар буд. Беш аз 15 сол раҳбарии онро Сапармурод Ниёзов, собиқ котиби Кумитаи марказӣ бар душ дошт. Баъди марги Ниёзов ба ин курси Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов нишаст.
Моҳи январи соли 2012 парлумони Туркманистон қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”-ро қабул кард, ки таъсиси ҳизбҳои дигарро иҷозат медод. Бо гузашти якуним сол дар Ашхобод Ҳизби соҳибкорони Туркманистон сабти ном шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райисҷумҳури Туркманистон эълон дошта буд, қасди берун шудан аз ҳайати Ҳизби демократиро, ки масъулияти сарварияш бар души ӯст, дорад. Ӯ гуфта буд, президенти кишвар набояд аъзои ягон ҳизб бошад, то дар шароити бисёрҳизбӣ ба ҳизбе, ки дар он шомил аст, бартарият надиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |