Ҷузъиёти бархӯрди маргбори “Тайота” ва “Опел” дар Ғончӣ
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон таъйид намуд, ки бар асари садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд 8 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Наргис Туйчиева, сардори хадамоти матбуотии БДА-и ҷумҳурӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, садамаи мазкур 17-уми августи соли ҷорӣ тақрибан соати 17-00 рух додааст: “Нурулло Бузмаков, ронандаи мошини “Тайота камрӣ” ҳангоми ҳаракат дар километри 254-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя накарда, пиёдагард Кибриё Холназароваи 29 соларо зада аз пой меафтонад, пас аз он ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Opel zafira” таҳти идораи Акмалҷон Мансурови 24 сола бармехӯрад. Дар натиҷаи садама, ронандаи автомашинаи «Opel zаfira” Акмалҷон Мансуров бо 6 нафар мусофир дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Ронандаи “Tоyota camry” Нуруллло Бузмаков низ дар беморхона мефавтад. Пиёдагард Кибриё Холназарова ва як нафар ноболиғ Шоҳидаи Нуруллои 14 сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд ва айни ҳол дар беморхона бистариянд.”
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, аз аввали сол то ба имрӯз дар роҳи мошингарди ҷумҳурӣ 837 садама рух дода, дар натиҷа 271 нафар ба ҳалокат расида 941 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |