Бахшҳо

Стадионсозиҳои Зуҳуров мактуб дар мавриди Ютубро беҷавоб гузоштааст?

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба мактуби Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи интернет дар мавриди фароҳам кардани дастрасӣ ба Ютуб дар кишвар посух надодааст.

Асомуддин Атоев, раиси ин анҷуман, имрӯз, 19-уми август, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, "чанд маротиба ба Хадамоти алоқа сари ин масъала муроҷиат кардем, аммо бо баҳонаи набудани раис ва дигар нафарони масъул ҷавоби мактубро намедиҳанд.”

Номбурда иброз медорад, ки ҳоло масъулини ин хадамот серкор менамоянд, машғули сохтмони стадион буда, шояд барои ҷавоб гардондан барои мактуб вақт намеёбанд.

Шабакаи Ютуб дар нимаи дувуми моҳи майи соли ҷорӣ, дар пайи пахши видеои тӯйи Рустами Эмомалӣ, писари президент Раҳмон, дар Тоҷикистон баста шуд.

Дар пайи баста шудани шабакаи мазкур Асомуддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи Интернет, иброз намуда буд, ки ба Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқа ва котиботи Шӯро оид ба ТИК-и назди раисиҷумҳури Тоҷикистон номае ирсол кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин нома таъкид шудааст, ки “табдил додани Тоҷикистон ба кишвари пешқадами электронӣ яке аз ҳадафҳои фаннии давлатӣ буда, масдуд шудани баъзе сомонаҳо ба манфиати кишвар нест.”
31-уми июли соли равон Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқа, ба хабарнигорон гуфт, онҳо аз масдуд шудани Ютуб хабар надоранд.

Ҳоло аксари сокинони кишвар тавассути филтршиканҳо ба ин шабака ворид мешаванд ва наворҳои мавриди назарашонро тамошо мекунанд.

Дар АКС Бег Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон

Мӯҳр
Аспи този шуда мачрух ба зери полон. Тавки заррин хама дар гардани хар мебинам ! ин одам яке аз шахсоне ки Точикистони азизи моро паст зада ва зада истодааст дар арсаи чахони ва яке аз шахсоне ки ба Чумхуриро ба зону шинондааст хамин шахс мебошад..чои ин одам аслан дигар чо на ба ин курси !

Сарирохи куча
Правайдерхои интернетитона иваз кунен Журналистхои мухтарам Ютуб фаъол аст. Айб дар Бег Зухуров нест айб дар худи шумост ки истифода карда наметавонен.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)