Паёми шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳомид Карзай
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як барқияи табрикӣ ба раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, тамоми мардуми ин кишвари ҳамсояро ба муносибати 94 –умин солгарди истирдоди истиқлолияти давлатияшон шодбош гуфтааст.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба Ҳомид Карзай ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушду тавсеаи бештари муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои мухталифро таъкид намудааст: “Мо таҳкиму густариши бемайлони ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Афғонистонро, ки ба арзишҳои волои ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвари ҳамсоя такя мекунанд, ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб дониста, ба дурнамои онҳо бо назари нек менигарем.”
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Афғонистон хушрӯзиву пирӯзӣ, сулҳу субот, комёбиҳои рӯзафзун ва ба раисиҷумҳури он сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва пешрафту муваффақиятҳои нав ба навро орзу намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |