(АКС) 5 голи Рустами Эмомалӣ дар сабқат бо Агробонк
Дастаи кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бозии якумаш барои Ҷоми бошгоҳи “Истиқлол” тими кормандони “Агроинвестбонк”-ро голборон кард.
Ин бозӣ, ки 18-уми август дар Душанбе сурат гирифт, бо ҳисоби 8:4 ба фоидаи тими ФФТ анҷом ёфт. Аз ин 8 гол 5 тояшро Рустами Эмомалӣ, раиси ФФТ ва 3 голро Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ҳадаф расондаанд.
Бозии навбатии тими кормандони ФФТ 21-уми август, бо дастаи кормандони суди ноҳияи Сино дар назар аст.
Айни ҳол сабқати дастаҳои корхонаю ташкилотҳои Тоҷикистон барои Ҷоми “Истиқлол” идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |