Бахшҳо

Қабули консепсияи ИНИТ ба таъхир гузошта шуд

Ҷаласаи навбатии Итиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) анҷом ёфт. Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, аз сабаби зиёд будани пешниҳод, дархост ва тағйиротҳо қабули консепсияи пешазинтихоботӣ ба таъхир гузошта шуд.

«Мо барномаи консепсияи пешазинтихоботиро барои баррасии шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой додем. Давоми 3 рӯз ба мо дар умум 547 тағйиру илова ва ҳамзамон 7 барномаи комили алтернативии консепсия пешниҳод гардид. Аз сабаби норасоии вақт мо имкони таҳлилу баррасии ҳамаи пешниҳодотро надоштем. Акнун қарор дода шуд, то рӯзи сешанбе гуруҳи корӣ пешниҳоди мардумро таҳлилу гуруҳбандӣ карда, ба гуруҳи ҳамоҳангсоз фиристад. Консепсияи пешазинтихоботии ИНИТ 24-уми август бо дарназардошти пешниҳоди мардум қабул хоҳад шуд»,-афзуд ӯ.

Раҳматилло Зойиров мегӯяд, дар ҷаласаи имрӯзи ИНИТ масъалаи номзад мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Қарор аст, масъалаи номзади ягонаи неруҳои мухолиф рӯзи шанбеи 24-уми август баъди қабули консепсия матраҳ шавад.

Мӯҳр
Шахрванд
Мардуми азиз аз суханони инхо хулоса бароред, алакай инхо номи худро доранд ГУРУХИ МУХОЛИФ хушёриро аз даст надихед, инхо хамаашон сари кудрат омадан аст инхо гушна хастанд то замоне сер мешаванд то хамсояву рафику хамсинфони инхо, кор аз кор мегузарад. Инчо мардуми азияткашида, ки имруз як бурида нони мехнатиаашонро орому осуда бо фарзандон мехуранд инхо мехоханд боз дар байни мо шуру гавго бадбини ба сар биоваранд.Бовар кунед инхо ягон ислохот намеоранд инхо мансаб мехоханд.

Бародар шахрван о демократия хаминтури аст. Ман хайрони суханхои туям о хаёл мекуни дигар инсони ёфт намешава барои ободи кишвар сари миз нишинад?ё бесаводию сари вазифаи чи? Намехохи ислохот шавад. Хар шахсе,ки номзадиашро дар Интихобот мемона бояд барои ободи Кишвар ва зиндаги бехтари мардум сенария дошта бошад.

Салмон.
Эй шах,рванд дуруг мегуи! Ту аз куч,о медони, ки инх,о чи мехох,анд, магар аз к,алби онх,о бохабар х,асти! агар х,а ту худатро НАЪУЗУ БИЛЛОХ,, бас кун тух,мат ва дуруггуиро!..

Мухочир
Шахрванд,
'Инчо мардуми азияткашида, ки имруз як бурида нони мехнатиаашонро орому осуда бо фарзандон мехуранд инхо мехоханд' изо букаш номус дори? Ту кати камандатон дар пеши фарзандонатон нон мехуред. як бор фикри мухочиронро кунед!! ду сол мешавад дар хорича кор меунам омадан наметонам дар хасрати фарзандонам дог-дог месузаму намебинам чиел онхо калон мешавнд. шарм накарда як бор фикри моро кунед мохам зиндаги кардан мехохем, мо хам мехохем дар ватани худмон кати ахлу оиламон идхои рамазон .курбон , навруз ва г хоро чашн гирем . мо хам мехохем хизмати пиру кампиро кунем. метарсам рузе хабари шуме мещнавам онхоро зинда дар намебам бовар кунед як холи зор . боз шарм накарда моро суз медиханд. ман як мухочири одди дур аз ёру диёр астам вазифа намехохам бойгари хам танхо зиндаги ранги одам дар ватан мехохам.

Мухочир. Хай бие ина чанобмон дар 20 сол хамара обод кадай хама пури чой кор бие маошаш аз 500 долар боло бие коркун.

Шахрванд,
Мебинам шумо васф карданро дуст медоред ! Имруз дар остонаи асри 21 мардум зиндаги доранд Точикистон давлати демократи аст .Вакто чинин аст кадом шахсе мехохад номзадиашро мегузорад Зоиров ба гуфти шумо бомбаи узбак . Зайди Саид бошад дузду порахур . Кабири бошад мусалмон . Хуб аз Зоиров пуштибони накунам,ки ватанро ба узбак мефурушад . Вакто,ки замини Точикистонро ба Чин (Хитой) дар ивази карзхояш бароварда доданд чизе намегуед ? Зайди Саид бошад пора хуру калоб мабодо ин рохбар iшаваду хамаро тороч кунад .Ту намебини имруз Точикистон чи кадар фасодзадааст ? Хой,шахрванд,аз андешаи тубаринхо буи асри мёна меояд аз кучаи демокрвтия як бор хам нагузашта гурухи мухолиф мегуи вой бар холи он муалиме ,ки туро дарс гуфтаасд

Abubakr
Давини гусала то кахдон... Бародарони Азиз на аз дасти Зоиров на аз дасти Кабири ва на аз дасти дигару дигараш ягон кор меояд. Хамаи корхои инхо, ки пеш ах Интихобот аст, гайр аз худнишонтии, диккати мардумро ба худ чалб кардан, дигар максаде надоранд. Бояд инхо дар назди хочахои хоричии худ отчет супоранду тамом.
Агар хамаи инхо, дар фикри пешравии Давлат, зиндагии осоишта... ва гайра бошад, фикрои худро ба Хукумат пешнихот кунанд, на балки факат танкид танкид кардан... Аммо Чаноби Оли на ба фикри Зоиров, Кабириву дигараш ниёз дорад.

маошаш 500сомон хахаха

агар ободи мешуд дар 20сол мухочирон зиед намешуд

Манам ду маълумоти оли дорам, дах сол мешавад дур аз ватан. сад бор хостам дар Точ кор пайдо кунам, аммо чун тагою амак надоштам кори муносибе ба маълумотам ки дар РФ ва аврупо на кам аз 2000$ мохона мегирам, дар точ хостам , мехохам акалан 300$ ёбам афсус нашуд!! надониста аз кучо мегуед, ки мохона аз 500 долл боло. кани дар кучо, ин ваканция, ки ман бо кор истам. агар хукумати кунуни бо чунин ваъдаи хушку холи боз ба кудрат оянд, афсус боз модару фарзандонамонро ба сери намебинам!! фарзандон ояндаи моянд, бе насихату панди падар ба воя расида истодаанд, ояндаи мою фарзандонамон чи мешад??? камтар инсоф кунед хукуматдорон!!! ба рои ман фарк надорад ки меояду, факат камтар илтимос гами халкро низ хуред!!! худоваенд ёратон!!! чавонии мо дар гарибихо сухт!!! илтимоси чавонии фарзандонро низ насузонед!!

Шабдол
Барои мухолифон кор ёфт шуд. Омузиши консепсия. То тамом мекунанД. ки интихобот дар мекубад. Биёед бачахо аз хамин Эмомалӣ чонибдорй кунем. Худотона гаранг накунед. Хох нохох унчо хама президентшаванд. Аз Тура гирифта то Рахматилою Хаит ва Нарзиеву Исмонов ва дигарон Ин села то ба як фикр меоянд, ки мухлат тамом меша.

Салмон.
Шахсан ман ба эмомали овоз нахох,ам дод! Ман худамро дар назди АЛЛОХ, гунах,кор кардани нестам, фардо аз х,ар як овози додаи мо Худо мепурсад, ки чаро?...

Бародарон шукри ин неъмати Аллох кардан даркор аст. Рохбари давлат э.рахмон барои давлату миллати худ сидкан хизмат карда истодааст. Хар банда хам амали бад дорад хам амали хуб. Тибки хадиси Паембар с.а.с одамро некиеша ед кунед на бадиеша, вакте некиеша ед кардем, некиеш бадиеша мехурад. Алхамдулиллох ба чуз Аллох ягон банда бе гунох нест. Барои хамин дуо кунем Аллох рохбар, миллат ва давлати моро хифз кунад, ва яке аз пешрафтатарин давлати дуне гардонад. ОМИН!
Илова намуданиям, ки хамаи мо бояд дар фикри ободонии давлати худ бошем, инчуни сахми худро расонем.

сафар
[b]Салмон
ту худои хута бугу

Шомурод
Ба таъхир нею дар шабакаи ичтимои чой додед, вале ахли чомеа фахмид, ки хеч навигари ва ягон назари консептуали набуда, сафсатаи тоза аст. Аз шарма кафо гирифтед. Истед, аз чониби хизби ХХДТ лоиха пешниход шавад, гирифта дарав такмил дихед. Натавонистед, политический ход карда. Ба чомеа ки буданатон хамчун хукукшинос, уламои дини ва сиёсатшинос маълум шуд. Сад хайф ки дар якум раф бой доден.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)