Бахшҳо
17 авг 2013 11:24Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Вазорати рушди иқтисод ходими мардум аст ё ҳукумат?

Сиёвуш Қосимзода

Камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба далоили гуногуне ба вуҷуд омадааст. Минҷумла бекорӣ, маоши кам ва рақобатпазир набудани соҳае, ки шахс дар он фаъолият мекунад. Маъюбӣ, дараҷаи баланди беморӣ низ дар ин самт дахиланд. Ин ҷо ҳукумат гунаҳкор нест, балки табиати ҷисми худи шахс аст, ки зуд-зуд касал мешавад. Оилаҳои пурраву нопурра, бесарпараст ва дараҷаи пасти кафолатҳои иҷтимоӣ ҳам ин вазъиятро ба вуҷуд овардаанд. Имрӯз аз се як ҳиссаи аҳолии ҷумҳурӣ камбизоатанд.


Чанде қабл вазорати рушди иқтисод ва савдо дар мавриди стратегияи нави кам кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2013-2015 Дар Варзоб ҳамойише баргузор кард. Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар ин конфронс гуфт, дар стратегияи нави кам кардани сатҳи нодорӣ тамоми мушкилоте, ки дар ҳавзаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ буданд, дарҷ гардидаанд.

Умеди Давлатзод мегӯяд, вазорати рушди иқтисод ҳануз усули Бонки ҷаҳониро барои баҳодиҳӣ ба синфи миёна қабул накардаанд ва ҳанӯз дар Тоҷикистон услуби миллии арзёбии ин табақа вуҷуд надорад. Ба гуфтаи номбурда, вақте онҳо рақамро пешниҳод менамояд барои дуруст будани ин арқом ољонсии омор вазифадор аст. Муовини вазири рушди иқтисод мегӯяд, ки омори сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон чандон дақиқ нест. Зеро дар лаҳзае, ки сатҳи онро муайян мекунанд, ду нафари дигар метавонад дар асари ҳодисае фақир шавад ва баръакс ду каси дигар метавонанд сарватманд гарданд...

Умеди Давлатзод мегӯяд, мақсадашон ин аст, ки сатҳи камбизоатиро коҳиш дода ин афродро ба дараҷаи босуботи миёна ворид созанд. Аз ҷиҳати дигар ҳукумат аз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва расонидани онҳо ба сафи табақаи миёна чандон манфиатдор нест.

Дар ҳамин ҳол, Агентии омор мегӯяд, барои муайян кардани сатҳи камбизоатӣ байни 3000 ҳазор оила назарсанҷӣ мегузаронанд оид ба сатҳи даромаду хароҷоти онҳо. Ин 3000 нафар оила тасодуфӣ интихоб мешаванд. Қобилияти харидорӣ аз рӯи 2,15 доллар мушаххас мегардад ва агар даромади шахс аз ин рақам кам бошад, ӯ ба гурўњи камбизоатњо дохил мешавад. Агар даромади оила аз 1 доллар камтар бошад ба доираи қашшоқҳо дохил хоҳанд гашт.

Аз 2,15 то 6 доллар ин гурўҳи осебпазир аст, ки хароҷоти рифоҳиву захиравӣ надорад ва фақат хароҷоти асосӣ дораду ҷои корияш устувор нест ва ҳар лаҳза метавонад ба табақаи фақир аз сари нав баргардад. Баъд аз 6 то 11,5 доллар сари ҳар кас ба табақаи миёна дохил мешавад. Ин табақа бо ҳамин маблағе, ки дорад агар озими хориҷи кишвар шавад метавонад дар табақаи камбизоат қарор гирад.

Муовини вазири рушди иқтисод мегӯяд, вақте қонунигардонии маблағҳо ва молу мулк дар кишвар ҷарён дошт, "мо арзиши молу мулки худамонро камтар нишон додем. Аз тарси он ки агар арзиши воқеии онҳоро нишон диҳем, фардо ҳангоми тағйир ёфтани мизони андоз аз амволи ғайриманқул маҷбур мешавем, ки зиёдтар андоз супорем".

Аз ин рӯ, вақте сатҳи камбизоатӣ ҳам пурсиш гузаронида мешавад, мардуми тоҷик сарчашма ва ҳаҷми воқеии даромади худро намегӯянд. Ин пинҳонкорӣ иқтисоди ниҳониро дар кишвар ривоҷ медиҳад, ки ин ҳам таъсироти субъективӣ мерасонад. Аз ҷумла сатҳи баланди андозбандиро аз даромади шахсони ҳуқуқиву воқеӣ бавуҷуд меоварад.

Ҳукумат нақше дар пайдоиши камбизоатӣ надорад?

Ба андешаи Умеди Давлатзод, омороҳои ироакардаи агентии омор бештар ба воқеият наздик аст. Чун ин пурсишҳо аз санҷишоти мутахассисони байналмилалӣ мегузарад. Ин ки посухгӯянда чї ҷавоб медиҳад, ин ҷо масъулият бар зиммаи вазорати рушди иқтисод ва агентии омор нест. Агар микрофонро гирифта сари куча рафта пурсед, ки даромади мардум чї қадар аст, пурсидашудагон ҷавоби воқеӣ намедиҳанд. Ин як омили равонист. Як омили дигари равонӣ низ ҳаст, ки шахси фақир худро сарватманд ҷилва медиҳад ва шахси доро худро ҳамеша қарздору камбизоат нишон медиҳад, то аз ӯ чизе талаб нагардад.

Ба гуфтаи масъулини вазорати рушди иқтисод камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба далоили гуногуне ба вуҷуд омадааст. Минҷумла бекорӣ, маоши кам ва рақобатпазир набудани соҳае, ки шахс дар он фаъолият мекунад. Маъюбӣ, дараҷаи баланди беморӣ низ дар ин самт дахиланд. Ин ҷо ҳукумат гунаҳкор нест, балки табиати ҷисми худи шахс аст, ки зуд-зуд касал мешавад. Оилаҳои пурраву нопурра, бесарпараст ва дараҷаи пасти кафолатҳои иҷтимоӣ ҳам ин вазъиятро ба вуҷуд овардаанд. Имрӯз аз се як њиссаи аҳолии ҷумҳурӣ камбизоатанд.

"Вақте 10 сол пеш пурсиш гузаронидем, талаботи аксарашон ин сулҳу суботи ҷомеа буд, ки вақте инҳо имрӯз то андозае таъмин шуд, талаботҳои дигаре пайдо гашт. Акнун ҳадафҳо дигар аст. Солона 2,2 фоиз ҷамъияти кишвар аз ҳисоби ҷавонон афзоиш меёбад ва дар баробари ин сатҳи таъсиси ҷойҳои корӣ ночиз аст. Ҷойҳои корие, ки сифатан баланд бошад на миқдоран. Омили дигаре, ки монеъи дастёбӣ ба ин ҳадаф мешавад фасод аст. Мутаасифона, имрӯз ин омили номатлуб дар љомеъа зиёд ба назар мерасад",- изҳор дошт Умеди Давлатзод.

Донишгоҳ равед фаррошро як сомонї надиҳед синфро тоза намекунад. Тоза ҳам кунад бо ҳамон 1 сатил об 3 синфро тоза мекунад. Зеро ӯ ҳам мунтазир аст, то пуле аз устоду декан, ё донишҷў дарёфт кунад. Бинобарин мубориза бо коррупсия яке аз ҳадафҳои стратегии барномаи нави кам кардани сатҳи камбизоатист.

Вақте талаботи физиологии инсон қонеъ шуд талаботи амниятӣ пайдо мешаваду талаб мекунад, то ҳуқуқи дахлнопазирияш риоя шавад ва ғайра. Яъне оҳиста-оҳиста инсон аз сатҳи оддӣ ба сатҳи олӣ рушд мекунад. Ҳукумат ба танҳоӣ наметавонад ин мушкилотро рафъ созад, балки муваффақияти он дар гарави кори дастаҷамъист.

Суханони муовини вазири рушди иқтисод нишон медиҳад, ки стратегияи кам кардани сатҳи камбизоатии нав ҳам танҳо як барномаи бесамари дигар аст. Зеро ҷаноби Давлатзод аз як тараф бар лузуми расонидани камбизоатон ба сатҳи миёнаи бо субот сухан мегӯяд, аз дигар тараф расонидани ин қишри ҷомеа ба дараҷаи болотар аз синфи миёнаи босуботро ба манфиати ҳукумат намедонад. Албатта, ин ҳарфи дурустест, зеро ҳарчи қадар табақаи миёнаи доро зиёд шавад ҳамон қадар имкони афзоиши талаботи иҷтимоиву иқтисодии ин қишр бештар хоҳад шуд ва дар сурати бароварда насохтани он ба мушкили ҳар ҳукумате, ҳатто ҳукумати Тоҷикистон мунҷар хоҳад шуд. Вале ин далел намешавад, ки фаъолияти вазорати рушди иқтисод асири сиёсаткориҳову сиёсатбозиҳо шавад. Зеро вазорате, ки фаъолияташ ба соҳаи иқтисод равона ҳаст, бояд дар ҳамин замина корашро пеш бубарад на ин ки як масъули баландпояаш гӯяд, "ҳукумат манфиатдор нест камбизоатон аз синфи миёнаи босубот ворид шаванд".

Вазорати рушди иқтисод ба чизе вазифадор нест

Дар зимн барои татбиқи стратегияи кам кардани сатҳи камбизоатӣ барои солњои 2013-2015 дар ҳаҷми 30 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, ки 12 миллиарди он аз ҳисоби буҷет ва 18 ҳазори мобақӣ аз қарзҳову грантҳои хориҷӣ ба даст хоҳад омад. Ин ки дар масири ҷамъоварии ин маблағ мушкиле пеш хоҳад омад ё на, ҷаноби Давлатзод мегӯяд: "Шояд мушкилот пеш ояд ва ин ҳаҷми маблағ барои татбиқи стратегия ҷалб нашавад. Вале ба ин ҳуҷҷати стратегӣ бояд ҳамчун санаде муносибат кард, ки танҳо ҳадафҳои стратегиро доро аст. Яъне, ин барномаи иқтисоди нақшавӣ нест ва ки нест ҳатман бояд ҳамин қадар маблағ ҷалб карда шавад".

Ба қавли ҷаноби Давлатзод 70 дарсади сарчашмаҳои ҷалби маблағҳои ин стратегия мушаххас аст. 30 дарсади дигар маблағҳои он бояд аз ҷониби сармояҳои хориҷӣ ҷалб гардад.

Масъулини вазорати рушди қитисод иддао доранд, сатҳи камбизоатиро аз соли 1999, ки ба 81 фоиз баробар буд, соли 2012 ба 38,3 фоиз расонидаанд. Вале иқтисоддонони мустақил ва коршиносони соҳа сатҳи камбизоатиро аз 60 дарсад болотар медонанд.


Мӯҳр
мушкилотбезор
уфффффффф факат камбуди-камбуди.....мущкилот.......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)