17 авг 2013 10:09---
Пурсиши «Озодагон»: Ба кӣ бовар кунем?
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос
Ноумедии шаҳрвандони Тоҷикистонро ба хубӣ дарк ва эҳсос мекунам. Ин омилу сабабҳо низ дорад. Агар ба Қонуни асосӣ мутаваҷҷеҳ шавем, гуиё давлат озод аст ва арзишҳои умуминсонӣ дар робита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд таҳти назорати президенти Тоҷикистон ҳамчун кафили Сарқонун аст. Аммо воқеъият аз ин гувоҳӣ медиҳад, ки тафовут ва расмият хеле зиёд шудааст. Аз ин хотир вақте, ки бо мақсади ҳалли мушкилот шаҳрвандон аз мавҷудияти фасод ва маҳалгароӣ, адолати додгоҳӣ шикоят мекунанд. Ҳамчунин аз нуқтаи назари иҷтимоӣ сатҳи зиндагии мардум паст аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки барномаи мухталиф қабул шуда, ба ном ислоҳот ҷорӣ шуда аст. Вале новобаста аз вазъ ва вақт дар муҳлатҳои муаяйн авлавиятҳои давлатдорӣ ва дурнамои мо аз райъи мардум вобастагӣ дорад. Мутобиқи мақсад мебуд, ки новобаста аз ин ноумедиҳо дар интихобот ширкат карда, ба номзадҳо огоҳона райъ бидиҳанд. Шояд таҳавулоти ҷиддӣ ба вуҷуд ояд.
Абдулғанӣ Маҳмадазимов, коршинос
Умуман дар ин замон як анъанаро мушоҳида мекунам. Ин ақибнишинии арзишҳои демкоратӣ, эътимод ба демократия, ҳизбҳо ва дар баробари ин пурзӯр шудани баҳсҳо оид ба ислом ва ҷомеа. Дар ин авохир ҳатто имомхатибон, ки асосан фаъолияташон ҳидоят намудан ба роҳи ҳақ аст, аз тарбияи ҷомеа даст кашида истодаанд. Яъне, ҳама ба ақиб мераванд ва даст мекашанд аз арзишҳои демократӣ ва сунатҳо. Рабт додани сиёсат ба ислом агар ин пурзӯр шавад, дар Тоҷикистон арзиши давлати дунявӣ рӯ ба таназзул меорад. Ин дар натиҷа масоилеро мемонад, ки бо кадом роҳ пеш меравем. Арзишҳои демократӣ, аслан ин аҳзоби пурқудрат ҳастанд. Онҳо натавонистанд, ки бо тавлиди ғояҳо ва идеяҳои нав ба нав ҷомеаро ба пеш бибаранд. Баҳсҳои нав ба нав пеш ояд. Ин мушкилоти аҳзоби сиёсӣ ва институтҳои шаҳрвандӣ аст. Буҳрони шадиди арзишҳо ва сохторҳои демократӣ мушоҳида мешавад. Агар баъди интихобот ин вазъият беҳтар нашавад, арзишҳои дунявӣ аз буҳрон рӯ ба таназзул меоранд.
Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари Шӯрои ВАО
Ноумед шудан ва ё умедро кандан аз фардои нек ва ё ба истилоҳи дигар аз ҳад зиёд песимист будан дуруст нест. Модоме, ки инсон бандаи Худо ақл дорад, фаросат дорад, нисбат ба дигар махлуқот бошуур аст, бояд дар баробари фармудаҳои офаридагор неъматҳои дигарро ба худаш фароҳам оварад. Ва худаш бештар талош кунад. Албатта модоме, ки дар як кишвари муайяне зиндагӣ мекунед ва аз қонуни он берун будан имкон надорад ва инсон ҳамчун шаҳрванд ба умеди зимомдорони вақт мешавад. Яъне давлатмардон барои шаҳрвандони худ бояд шароити хуберо фароҳам биёранд. Мардуми мо бештар ба умеди давлат мешавад. Имрӯз шароит дигар аст ва тамоми шароитро давлат фароҳам намекунад. Аз ҷумла шаҳрвандон худ мусоидат кунанд, ҳар шаҳрванд метавонад ин ниҳодҳои зидахлро бо салоҳитяти худ, бо вокуниши ҳаррӯза таъсир расонад. Бо ин роҳ ниҳодҳоеро ки масъули ин корҳо ҳастанд водор кунад, ки ҳарчӣ бештар фаъолият нишон бидиҳанд. Фазои худро ҳама худаш фароҳам мекунад ва ба умеди дигарон нашуда ба умеди худ бояд буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |