Қазоқистон мехоҳад дар ҷаҳон лидер боқӣ монад
Вазорати санъат ва технологияҳои ҷадиди Қазоқистон гуфтааст, тасмим доранд, тайи солҳои 2013 - 2015 нишондоди истихроҷи ураниюмро солона то 25 ҳазор тон бирасонанд.
Давоми се соли охир ҳаҷми истихроҷи уран дар ин кишвар 17 ҳазор тон дар як солро ташкил медодааст.
Коршиносон мегӯянд, амалӣ шудани ин нақша пешвои ҷаҳонӣ боқӣ мондани Қазоқистонро дар бозори уран тақвият мебахшад. Дар ҳоли ҳозир дар раддабандии умумӣ аз рӯи ҳаҷми захоири кашфшудаи уран ин кишвар дар мақоми дуюм ва аз рӯи истихроҷи он дар зинаи аввал қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |