“Она” аз беҳтаринҳои “Равзана ба Аврупо” дониста шуд
Дар ҷашнвораи синамои «Равзана ба Аврупо» филм оид ба ҳаёти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия яке аз беҳтарин филмҳо дониста шуд.
Аз 8-ум то 15-уми август дар шаҳри Виборги Русия 21-умин ҷашнвораи синамои “Равзана ба Аврупо” баргузор гардид. Филми Лариса Садилова, таҳти унвони “Она” ки аз саргузашти духтари тоҷике, ки барои дидор бо дустписараш ба Русия сафар кардааст, яке аз беҳтарин филм дониста шуд.
Нақши қаҳрамони филм Майяро духтараки 17 сола аз Тоҷикистон- Нилуфар Файзиева иҷро кардааст.
Дар сӯҳбати худ бо «Proficinema» хонум Лариса гуфтааст, ки филми «Она» аз рӯйи ҳодисаҳои воқеъӣ дар вилояти Брянск ба навор гирифта шудааст. «Духтарро ба Маскав оварда, танҳо гузоштанд. ӯ ҳатто ба русӣ сӯҳбат карда наметавонист. Ҳамаи саргузашт ҳамин аст».
Лариса Садилова гуфтааст, ки эҳтимол меравад баъди ин филм шаҳрвандони Тоҷикистон назари худро дар мавриди кор дар Русия таѓйир бидиҳанд. «Фикр мекунам модароне, ки фарзанди худро барои кор ба инҷо мефиристанд, аз шарту шароити зисти ҷигарбандашон огоҳие надоранд. Эҳтимол баъди филм падару модарон қабл аз фиристодани фарзандашон суол мегузоранд, ки фиристанд ё нафиристанд? Чунки дар ватани худ аксари муҳоҷирон афсонаҳое ба монанди моҳонаи зиёд ва шароити хуби корӣ дар Русия нақл мекунанд».
Лариса Садилова гуфтааст, ки дар асл бо ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ хеле хуб огоҳӣ дорад, зеро продюсери ин филм, ки ҳамзамон шавҳараш аст, Рустам Аҳадов, тоҷик мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |