Сафир: Бисёри тоҷикон дар макони тазуҳоротҳои Миср қарор доранд
Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира аз толибилмони тоҷики муқими Миср хостааст, бо пайдо шудани имконият ин кишвари нооромро тарк кунанд.
Назруллоҳи Назар, сафири Тоҷикистон дар Миср ба “Озодагон” гуфт, амалиёти ахири парокандасозии гирдиҳамоиҳо ва дар натиҷаи он сар задани даргириҳои хунину талафоти ҷонӣ вазъиятро то андозае дар Миср хатарзо кардааст. Ӯ гуфт, аксари диаспораҳои тоҷик дар минтақаи наздик ба макони тазоҳурот ва гирдиҳамоиҳо ба сар мебаранд, ки нигаронкунанда мебошад: “Диаспораҳои тоҷик, ки аксари онҳоро толибилмони таҳсилоти динӣ ташкил медиҳанд, асосан дар минтақаи наздик ба макони эътироз ва гирдиҳамоиҳои бардавом, аз ҷумла, майдони “Робиа ал-Адавия” зиндагӣ мекунанд. Албатта, чунин наздикӣ ва муҳити гирдиҳамоиҳо наметавонад беташвиш бошад.”
Сафири тоҷик гуфт, бо вуҷуди ин, ки ягон тоҷик дар ҳаводиси рӯзҳои охир дар Миср осеб надидааст, вале падару модарон набояд, дар ин хусус бепарво бошанд ва барои аз ин кишвари ноором баровардани фарзандонаш талош кунанд.
Назруллоҳи Назар қайд намуд, ки нооромиҳои ахири Миср тамоюли тарки ин кишварро миёни шаҳрвандони Тоҷикистон аллакай бештар кардааст ва аз волидони донишҷӯёни тоҷик даъват намуд, ки барои ин кор мусоидат намоянд, чун бозгашт ба Ватан хароҷоти молиро талаб мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |