Дуздӣ дар масҷиди марказии Душанбе ҳангоми намози Ҷумъа
Намозгузорони масҷиди Марказии шаҳри Душанбе аз ҳолатҳои рух додани дуздӣ дар ин масҷид шикоят доранд.
Абдуваҳҳоб, яке аз намозгузорони тоҷик дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, имрӯз 16-уми август дар таҳоратхонаи масҷиди марказии шаҳри Душанбе ҷузвдони ӯро рабудаанд. Ин намозгузор нақл мекунад, ки тақрибан соатҳои 12:05 дақиқа дохили таҳоратхонаи масҷид шуда, ҷузвдони худро онҷо овезон кардааст: “Баъд аз анҷоми таҳорат хостам ҷузвдонро гирифта, берун шавам, вале онро дар ҷои гузоштаам, наёфтам. Ҳарчанд пурсуҷӯ кардам, аммо пайдо нашуд.”
Атовулло Қосимов, сухангӯи Шӯрои уламои Тоҷикистон низ сар задани ҳолатҳои дуздӣ дар масҷиди марказиро таъйид карда, гуфт: “Масъулини масҷиди марказӣ барои ҷилавгирӣ ва ошкор кардани чунин ҳодисаҳо дар таҳоратхонаи масҷид, ки бештар ингуна ҳолатҳо дар онҷо сар мезананд, дурбин ё худ дастгоҳи наворбардорӣ насб кардаанд.”
Ба гуфтаи Қосимов, масъулини масҷид барои пайдо кардани ашёи гумшудаи намозгузорон ҷавобгар нестанд: “Мо метавонем, танҳо навори ҳолати дуздиро, ки агар воқеан ҳам рух додаву сабт шуда бошад, ба соҳиби ашё ироа кунем ва ӯ метавонад аз рӯи ин сабт ба мақомоти пулис муроҷиат карда, моли худро пайдо кунад.”
Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир хабарҳои сар задани дуздӣ мунтазам садо медиҳанд. Аз ҷумла чанде қабл мақомоти пулиси шаҳри Чкалови вилояти Суғд бо иттиҳоми дуздӣ дар масҷид як хонандаи синфи 11-ро боздошт карда буданд. Ин навраси тоҷик ба гуфтаи мақомот аз пиҷаки намозгузори масҷиди ба номи “Имом Аъзам”-и Чкалов , ки ба ибодат машғул буд, 6 ҳазор доллари амрикоиро рабудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |