Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ (МН МО) масъалаи муайян намудани рӯзи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Дар ин бора ба «Озодагон» Муҳаммадато Султонов, сухангуи палатаи поёнии парлумон хабар дод.
Ба қавли номбурда, «ҷаласаи Шӯро таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардида, дар рафти он вакилон дар рӯзномаи ҷаласаи панҷуми якҷояи ММ ва МНМО масъала «Оид ба таъини интихоботи президентии ҶТ»-ро дохил карданд».
Ҷаласаи муштараки вакилони ҳарду палата қарор аст 30-юми августи соли равон баргузор шавад. Маврид ба зикр аст, интихоботи президентии соли 2006, 6-уми ноябр баргузор шуда буд.
Мӯҳр