Раҳматилло Зоиров дар асардуздӣ муттаҳам мешавад
Дар матлаби «Копипитарасӣ ва интихобот: асардуздии кӣ беҳтар аст?» дар блоги “Авестиес” дар интернет Раҳмтилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон ба плагиат ё худ асардуздӣ муттаҳам мешавад, ки гӯиё изҳороташ алайҳи лагери муҳоҷирин дар Маскав аз матолиби журналистони рус гирифта шудааст.
Зоиров дар шарҳи ин иттиҳомот изҳор медорад, ки дар асл ин матлаб на алайҳи асардуздӣ ва ё фаъолияти сомонаи ҲСДТ, балки бар зидди ҳизб равона карда шудаст.
Раҳбари ҲСДТ мегӯяд, ки чаро муаллифи матлаб ӯро ба асардуздӣ муттаҳам кардааст, ин чандон муҳим нест, ҳамааш ошкор аст. Зойиров афзуд, ки дар изҳороти худ ишора кардааст, ки баъзе иттилоъро аз расонаҳои хабарии Русия истифода кардааст ва таъкид намуд ҳеч гоҳ ба асардуздӣ машғул набуда, дар мавриди нуфузи шахсиаш бештар аз муаллифи матлаб андеша мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 14-уми август, Раҳматилло Зоийров дар робита ба ғайриқонунӣ будани лагер барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав изҳори нигаронӣ карда буд. Раҳбари ҲСДТ бо пахши изҳорот гуфт, ки пайдо шудани чунин лагерҳои хаймавӣ бар хилофи қонунгузории ФР мебошад.
Дар ҷавоб ба ин изҳороти Зойиров дар блоги «Авестиес» матлабе пайдо гардида, дар он Раҳматилло Зойировро ба асардуздӣ муттаҳам мекунанд. Муаллифи менависад, ки изҳороти мазкур на аз тарафаи Раҳматилло Зойиров, балки ба қалами хабарнигорони «Комерсант» Александр Воронов ва Вячеслав Козлов таҳти унвони «Барои муҳоҷирон майдонҳои пионерӣ меҷӯянд» таалуқ дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |