Табаров: Ифшои аксҳои «ҷабрдида» ба рафти тафтишот таъсире нахоҳад дошт
Исҳоқ Табаров, вакили дифоъи Зайд Саидов, имрӯз, 16-уми август, дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, ки аксҳои нашршуда дар Фейсбукро дид ва таъйид намуд, ин ҳамон духтарест, ки Саидовро дар таҷовуз ба номус муттаҳам мекунад.
Исҳоқ Табаров дар мавриди паҳни аксҳои духтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки аз асли қазия иттилои кофӣ надорад ва изҳор дошт, ки ин ҳолат бояд ба раванди тафтишот халал нарасонд. Табаров илова намуд, ки айни ҳол ҷониби ҳимоя пофишорӣ дорад, то парвандаи марбут ба таҷовуз қатъ карда шавад, “зеро дар парванда, гӯиё ҷиноят 5 сол пеш содир шудааст ва айни ҳол тафтишот ягон далели қатъӣ надораду исботи он мушкил аст.”
Маврид ба зикр аст, ки таърихи 12-уми август дар боздоштгоҳи муваққатии кумитаи амният мулоқоти рӯ ба рӯи духтари ҷабрдида дар парвандаи таҷовуз бо Зайд Саидов доир гардид.
Зайд Саидов дар мулоқот гуфт, ки духтарро бори аввал мебинад ва дар гузашта бо ӯ ягон алоқае надоштааст. Аммо духтар, ки ному насабаш махфӣ нигоҳ дошта мешавад, таъкид кардааст, ки Зайдро мешиносад ва воқеан таҷовуз дар соли 2008 ҷой доштааст. Ба гуфтаи тафтишот он замон ин духтар 14-сола будааст.
Ҳарчанд оҷонсии мубориза бо фасод ва гурӯҳи тафтишотӣ ба хотири ҳифзи нуфуз ва амнияти ҷабрдида шахсияти ӯро махфӣ нигоҳ медоштанд, субҳи дирӯз, 15-уми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ наздик ба 30 акс пайдо гардид. Аксҳо дар назди баромадгоҳи боздоштгоҳи мувақатии кумитаи амният бардошта шуда, дар он духтари ҷабрдида, вакили дифоъ ва муфаттиши қазияи Зайд аксбардорӣ шудаанд. Бисёри корбарон дар 19-сола будани духтари “ҷабрдида” шубҳа кардаанд.
Дар ин робита Табаров изҳор дошт, ки «мо то ба ҳол шиносномаи духтарро надидаем ва танҳо аз руйи парванда синну соли духтарро медонем. Аз гуруҳи муфаттишон албатта талаб мекунем, ки дар баробари дигар маълумот ва аснод ба мо шиносномаи духтарро низ пешниҳод кунанд».
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Мақомот алайҳи Саидов иттиҳомот ба сӯистифода аз мансаб, пора, қаллобӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ ва ғайра пеш гузоштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |