Нахустин мулоқоти Тутубалина бо зиёиён 19 август сурат мегирад
Нахустин мулоқоти Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтномаи “Азия плюс” бо зиёиёни тоҷик дар додгоҳ 19-уми август дар назар аст.
Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеи "Азия плюс" имрӯз, 16-уми август ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт аризаи шикоятии иттиҳодияҳои фарҳангии Тоҷикистон алайҳи ҳафтаномаи "Азия плюс" ва рӯзноманигори он Олга Тутубалинаро барои баррасӣ қабул кардааст: “Аз додгоҳ ба мо гуфтанд, ки рӯзи 19-уми августи соли равон соати 09:00 нахустин мурофиаи омодасозӣ баргузор хоҳад шуд ва ҷонибҳо бояд ҳозир шаванд.”
Қаблан панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб карда буданд.
Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |