Суд мушаххас кардааст, ки соли 2009 баъди ошкор шудани дуздии таҷҳизот дар иншооти сохтмонӣ Паҳлавон Шариповро аз кор ронда, музди меҳнаташро намедиҳанд. «Бо мақсади пайдо кардани маблағ Шарипов ҳамроҳ бо Қосимов, Ғаниев ва Баҳриев шабона ба маҳалли сохтмон меоянд, то асбобҳои сохтмониро ба яғмо баранд. Аммо ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар иншооти сохтмонӣ қарор доштанд, садди ин амали онҳон мешаванд. Дар пайи ҳамлаи яғмогарон яке аз онҳо кушта шуда, нафари дигар ҷароҳати сахти ҷисмонӣ мебардорад», -гуфта мешавад дар иттилоияи прокуратураи шаҳри Санкт-Петербург.
Олоти дуздидашударо бо нақлиёти зери идораи шаҳрванди Тоҷикистон Хуршед Саъдуллоев аз иншоот берун мебаранд. Додгоҳ Шарипов ва Қосимовро 14 солӣ аз озодӣ маҳрум кард. Ғаниев ва Баҳриев бошанд, ҳар кадом барои 13 сол равонаи зиндон шуданд. Мӯҳлати ҷазоро онҳо дар колонаи низомаш пурзӯр паси сар мекунанд. Хуршед Саъдуллоев бошад, барои ҳамдастӣ дар дуздӣ 1 солу 8 моҳ аз озодӣ маҳрум гардид ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки мӯҳлати адои ҷазоро ҳангоми раванди тафтишот паси сар кардааст, аз толори суд раҳо шуд.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |