Бахшҳо

Turajon.org ва мушовири президент дар бораи Салафия

Тураҷон нуқта орг, торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо, аз рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон гаравидан ба мазҳаби шиъа ё салафияро “фитнакорӣ” хондааст.

Торнамои Turajon.org дар посух ба суоли яке аз корбаронаш, гуфтааст, “ҳар тоҷике, ки мазҳаби Имоми Аъзамро тарк мекунад ва ба мазҳаби шиъа ё салафия ё дигар равия медарояд, мо дар симои чунин мазҳабфурӯшон танҳо фитнаву хатарро мебинем.”

Turajon.org аз ҷавонони тоҷик даъват кардааст, то аз таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам берун нашаванд, зеро ба гуфтаи ин торнамо, ин амал фитнаҳои мазҳабиро ба бор хоҳад овард: “Насиҳати мо ба чунин ҷавонон инаст, ки аз таълимоти мазҳаби худ берун нашаванд ва ҷомеаи мусалмонии моро ба фитнаҳои мазҳабӣ накашонанд.”

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Саймурод Фаттоев, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа низ ба масъалаи равияҳои мазҳабӣ дахл карда, изҳор дошт, ки дар ин самт бояд эҳтиёткор бошем.
Фаттоев, ки 15-уми август, дар ҷаласаи маҳфили «Ҳамкориҳои иҷтимоии Шӯрои ҷамъиятии назди президенти ҶТ» дар мавзӯи "Муносибати давлат бо дин” суҳбат мекард, гуфт, “вақте дар бораи ҷараёнҳо сӯҳбат мекунем, бояд хеле бо эҳтиёт бошем, чунки баъзе равия дар кишварҳои дигар мазҳаби расмӣ мебошад.”

Фаттоев аз ҷумла аз мазҳаби расмии Арабистони Саудӣ будани салафия ёд кард ва аз пайомадҳои эҳтимолии фишор ба ин равия ҳушдор дод. Мушовири президент, мисол овард, ки бо пешниҳоди Арабистони Саудӣ ҳизби Ан-Нури Миср, ки аз салафиҳо мебошад, аз кудатои Миср алайҳи Мурсӣ дастгирӣ кард.

Дар хулоса мушовири президенти Тоҷикистон таъкид кард, ки принсипи дунявӣ аз ҳама беҳтарин аст ва мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон бояд фикр озод бошад ба дигар кас бор нагардад.

Ин дар ҳолест, ки фаъолияти равияи салафия, ки чанд соли қабл миёни ҷавонони тоҷик пайравони зиёд пайдо кард, аз соли 2006 инҷониб дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст.
Мӯҳр
салом ҷаноби холиқов чи иқа рута сиёҳ мекуни ту намоз намехони ту туза намегири валлоҳи ман қасам мехурам ту намоз намехони
ёдар ҳаст валлоҳу алам 1 сол пеш ҳамроҳи муфти ва ронандаи муфти ҳаким ё ҳоким ба масҷиди виён ноҳияи вахш омадед ба шома 15 20 дақиқа монда буд дар долони тарафи рост дар болои курсиҳои тахтақи нишастен ҳоҷи абдурашид достиев ҳам буд ва муйсафедҳои қишлоқи виён буд ва муллои масҷидҳам буд шом шид ҳама даромадан намозхони ту нахонди ту намозхони надаромади бо изо накашида худата раиси кумитаи дин муарифи карди
ту эй холиқов худат бедини мехоҳи мардуми мусалмонроҳам бедин куни лек гапи тура намегиран ин мардуми бошарафи мусалмони тоҷик киҷоеда ранги худат мунофиқ бошад бале пайрават мешавад

чопкун мардум хонан мардум фаҳман ҳақиқатро

аллоҳ ҳидоят кунад ҷаноби оли эмомали раҳмонро ки ҳар одамро дар ҷои худаш монад мунофиқ болои мунофиқҳода калон шавад мусалмон болои мусалмонҳода

Рачаб
Ин Турачонзодаро чи шуда бошад,ки худаш аз пули шиахо катаки карда гаштестай, ошуро карда мардумро фаред мекнад, аз чой мехезанд, шарм накарда гиря мекунанд ва сиемка карда ба хочахои эронишона равон мекунанд ва имруз бошад аз Шиа даст кашед мегуяд. Ту як одами ду руяи шайтон сифат хасти, аз Худо тарс вагарна чохнамарг мемури. Агар мазхаби Эмоми Азам ро мехохи пас аз корхои шиагият даст каш, хар чанд дигар рохи халси надори аз хочагонат, ки миллионхо долар ба шумо додаст, лекин хуб мешуд, ки фитнадозихоро бас мекарди дар байни чомеаи точик! Аз ин мард эхтиет шавед бародарони азиз, ба гапхояш гуш надихед. Агар дар ин дуне хам чазятро нагири, иншоолох дар рузи киемат чазятро мебини.

astagfirulloh in chi sukhanhoi bemani khudovand hidoyat kunad.

Киём
Курбонали - маскав аввал ин ки номи валоаламро ки гирифти баъди вай хакорат намекуни. Фарк надорад,ки киро . Дуюм ки аз хаму намозхонии дар дахонат калимаи хакорат будада бенамозии холиков бехтар. Сеюм ин ки ин гапи нашивтаи ту ягон маъни ва реаксия надора, ки чоп ку мардум хона. Гуё ту ягон секрети Гагарина гуфта боши. Мумкин хамонвакт ин бандаи Худо тахорат надоштай. Ту саркозии Осиёи Миёна набоши чи кор дори ба намозхони. Намоза Худо дар дили одам меандоза, ки дар як мох аз муллои пешда намозхони номи мешавад. Ин хостаи Худованд ва чазабаи уст. Ту Худои худата гуй. Братка.

muhamad
turajon asl shumo az mazhabu din berun shidagien ki mardumro fakat ba fitnahoi shubhaangez daavat mekunen in talabothoi raisaton yoki amiraton shiaho ast dar baini suniho janjol dokhtan pul jam kardan inro hama tojikon fahmidagi insho allo digar gaphoyaton nameguzarad

khudaton chanka pesh korhovu odathoi shiahoro mekardi bo chi shud ki mardumro rohashonro megiri yoki foida nashidestai

khudatku bidati bo chi mardumro az pairavi payombari islom man mekuni salafi gufta in shaitonihoro ki ba shumo talim medihad besavod

Ба ин одам чи шуда бошад зиди салафиҳо буд бо шиаҳо соз буд индафа аз ҳарду хатар кардаст ёки бози бошад баӣни мардум мисли солҳои 91 МАРДУМ эҳтиёт шавед аз ин дуруя дигар фанд нахурен ҳолиям сер шудаги не нафси бади тураҷона худо худаш яктараф кунад мардум боз гуреза мешем инҳо боз якзаводи дигар мехаран

muhojir
baroichi posikhhoi mardumro chop namekuni

амнӣ
Лашкари тоғут ба пеш....
Пеши роҳи сатру,намозу,ришу дигару дигарҳоро гирифтед, коре кунед дар Тч сафи калисову,церковҳоро зид кунед мардума аз дин бе дин кунед! Бо ин демократияи худ сохтаатон ин шо Аллоҳ хору залил мегардед,нусрати Аллоҳ наздик аст!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)