Тоҷикистон низ дар ҷашни Истиқлолият марзҳоро мебандад
Дар пайи қарори Узбакистон, ки дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияташ гузаргоҳҳои марзияшро мебандад, мақомоти тоҷик низ изҳор медоранд, ки эҳтимол дар ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон чунин як иқдом амалӣ гардад.
Хушнуд Раҳматуллоев, сухангўи Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” таъйид намуд, ки мақомоти сарҳадии Узбакистон бо ирсоли як мактуби расмӣ шарикони тоҷикашонро огоҳ намудаанд, ки дар рӯзҳои истиқлолияти давлатияшон, ки ҳамасола 1-уми сентябр таҷлил мешавад, аз якум то сеюми сентябри соли равон гузаргоҳҳои сарҳадияшро бо Тоҷикистон маҳкам мекунад.
Раҳматуллоев афзуд, ки “Узбакистон ба хотири таъмини амният ҳамасола дар рӯзҳои ҷашни истиқлолияташ гузаргоҳҳои сарҳадиашро на танҳо бо Тоҷикистон, балки бо ҳамсояҳои дигар низ маҳкам мекунад. Ба хотири он, ки мабодо касе бо нияти бад вориди қаламравашон гардад.”
Раҳматуллоев афзуд, Тоҷикистон низ дар рӯзҳои таҷлили истиқлолияти давлатӣ ба хотири таъмини амнияту бехатарӣ гузаргоҳҳои сарҳадии автомобилиро маҳкам мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |