Бар асари ду таркиш дар ҷамоатхонаи пайравон исмоилияи шаҳри Қарочии Покистон ду нафар ба ҳалокат расид.
Ба гузориши хабаргузории “Geo News”, дар пайи таркиши норинҷак дар ҷамоатхонаҳо, 42 нафар маҷруҳ ва як зан бо тифли хурдсолаш ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳамин ҳол танҳо оиди ду нафар маҷруҳ аз ҷамоатхонаи ғарбии Қарочӣ хабар дода мешавад.
Манбаъ мегӯяд, ин ҳодиса дар ду ҷамоатхонаи маркази Қарочӣ дар ҳоле рух дода, ки онҳо пур аз ибодаткунандагон будаанд.
Ба иттилои пулиси Покистон ҳарду таркиш тақрибан дар як вақт рух додааст.
Пулис ҳанӯз мушаххас накардааст, ки ҳамлагарон кӣ будаанд ва сабаби чунин амал чӣ метавонад бошад. Ҳанӯз ҳеҷ ҷониб ҷавобгариро барои ин таркишҳо ба уҳда нагирифтааст.
Мӯҳр