Пуштибонии президент аз нашри ҳаррӯзаи “Ҷумҳурият”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод барои чопи ҳаррӯзаи «Ҷумҳурият», нашрияи расмии ҳуккумати кишварро дастгирӣ намудааст.
Ато Мирхоҷа, муовини аввали сармуҳаррири “Ҷумҳурият”, имрӯз, 15-уми август, дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, шурӯъ аз 1-уми январи соли 2014 нашрияи ҳукумат ҳар ҳафта 5 маротиба чоп хоҳад шуд. Ӯ гуфт, пешниҳод дар ин бора ҳафтаи гузашта ба президент ироа гардид ва пуштибонӣ ёфт.
Мирхоҷа афзуд, ки "Ҷумҳурият" то соли 1992 ҳафтае панҷ шумора интишор меёфт, аммо сар задани низоъҳои мусаллаҳона дар кишвар боиси муфлис гаштани он гардид: «Дар ҳамин ҳол ҳам кормандони он ноумед нашуда, нашрияро гоҳ-гоҳ чоп мекарданд. Аз соли 2000-ум давлат ва ҳукумати Тоҷикистон рӯзномаро расман нашрияи худ эълон карда, онро таҳти ҳимоя гирифтанд ва он то имрӯз ҳафтае се маротиба пайваста чоп мешавад». Ато Мирхоҷа теъдоди нашри рӯзномаро айни ҳол 31 ҳазор нусха гуфт.
Ин дар ҳолест, ки аввалин нашрияи ҳаррӯзаи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, рӯзномаи мустақили “ИмрӯзNews” мебошад, ки аз соли 2010 инҷониб ҳафтае панҷ маротиба чоп мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |