Шӯрои сиёсии ҲНИТ хост, роҳбарият фаъолтар бошад
Шурои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, имрӯз, 14- уми августи соли 2013 дар ҷаласаи худ, масъалаи интихоботи дар пеш истодаи президентӣ ва омодагии ҳизбро ба он баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари ҲНИТ дар Душанбе аъзои Шӯрои сиёсӣ таъкид кардаанд, ки ҳамагуна талош барои берун бурдани фазои интихоботӣ аз қолаби конститутсионӣ ва фарҳанги сиёсӣ, чи аз тарафи баъзе намояндагони мақомоти ҳокимият ва чи ҳизбу ҳаракатҳо, бояд ҳамчун амали мухолиф ба қонунгузорӣ ва манфиатҳои миллӣ шинохта ва ба ҷомеа муаррифӣ карда шавад.
Шӯрои сиёсӣ аз ҷумла он зуҳуротро, ки дар арафаи интихобот масъулони ҳимоят аз меъёрҳои Сарқонун, фаъолияти ҳизби сиёсии характери динидоштаро зери суол мебаранд, нигаронкунанда хондааст.
Ба иттилои манбаъ, аъзои Шурои сиёсии ҲНИТ таъкид бар он карданд, ки роҳбарияти ҳизб бояд дар баробари қонунвайронкуниҳо фаъолтар шуда, чораандеширо бештар кунад: “Бояд роҳбарияти ҳизб корҳои лозимаро барои ҷалби таваҷҷуҳи масъулин, ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи кишвар ба ҳолатҳои поймолшавии арзишҳову меъёрҳои Сарқонун ва Созишномаи Сулҳ, ки аз тарафи шахсиятҳо, доираҳо ва ҳатто мансабдорон сурат мегирад, анҷом диҳад.”
Инчунин, аъзои Шурои сиёсӣ равишҳои ширкати ҳизб дар интихоботро баррасӣ намуда, таъкид кардаанд, ки новобаста аз вокуниши дигар ҳизбу ҳаракатҳо ва мақомот, ҲНИТ бояд талошҳои худро барои тақвияти фарҳанги сиёсии муътадил дар асоси қонунгузории кишвар ва манфиатҳои миллӣ идома дода, масъулияти худро дар назди ҷомеъа анҷом диҳад. Аъзои Шӯро гуфтаанд, хотири расидан ба ваҳдати миллии комил, ҲНИТ-ро водор кардааст, ки масъалаи пешниҳоди номзад аз дохили ҳизбро ҳамчун гузинаи истисноӣ ва ахири худ дар ин раванд муаррифӣ намояд.
Зимни ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ пешниҳод шудааст, ки агарчи фурсат кам боқӣ мондааст, боз ҳам талошҳо барои расидан ба тавофуқ атрофи як номзади сатҳи миллӣ идома ёбад ва авлавият ба нафарҳое дода шавад , ки намояндаи ин ё он ҳизби сиёсӣ набуда, тавонад тамоми кишрҳои ҷомеъаро атрофи ҳадафҳои муштараки миллӣ ҷамъ намояд: “Дар сурати пешниҳоди номзади ҳизбӣ, бояд ба ҷомеа далелҳо ва сабабҳои чунин тасмим ошкор ва шаффоф ироа гарданд. Самимият, мантиқӣ ва дур аз эҳсосот амал намудан аз муҳимтарин омилҳои комёбӣ дар ин раванд дониста шуд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |