Сиддиқов дар бораи ҲНИТ, рӯйхати сиёҳ ва рақсу бозӣ дар телевизион
Гуфтугӯи хабарнигори «Озодагон» Ҳумайрои Бахтиёр бо муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқов дар бораи ҷавоби рад ба дархости Муҳиддин Кабирӣ ва мавзӯҳои вобаста ба он.
Озодагон: Дар номаи худ ба ҲНИТ ишора ба он доштед, ки «Кумита бо ҳамаи ҳизбҳову созмонҳое, ки фаъолияташон расман дар доираи қонун ва бо назардошти манфиати милливу давлатии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, ҳамкорӣ карда, дастрасии онҳоро дар шабакаҳои ТВ ва радио баробар таъмин мекунад». Пас саволе ба вуҷуд меояд, ки Кумитаи телевизион ва радио бо далели ноамн ва ё хилофи қонун будани фаъолияти аҳзоб онҳоро ба эфир роҳ намедиҳад?
Сиддиқов: Чаро Шумо фикр мекунед, ки намояндагони аҳзоб ба эфир роҳ дода намешаванд? Намояндагони ҳизбу созмонҳои мухталиф, аз ҷумла аъзои ҲНИТ низ дар намоишу гуфторҳои телевизион ва радио иштирок ва изҳори назар мекунанд.
Озодагон: Тибқи қонунгузорӣ ҳар созмон, ҷамъият ва ҳизбе, ки аз тарафи ниҳодҳои қудратӣ ба қайд гирифта шудаанд, фаъолияти расмӣ доранд. Чӣ гуна Шумо метавонед дар фаъолияти дигар аҳзоб хатареро барои амнияти давлату миллат муаяйн кунед, вақте қонунгузорӣ барои фаъолияти онҳо иҷоза додааст?
Сиддиқов: Аввал ин ки иҷозати фаъолиятро ба аҳзоб ва созмону ҷамъиятҳо ниҳодҳои қудратӣ не, балки Вазорати адлия ва дигар мақомоти салоҳиятдор медиҳанд. Дигар ин ки аз қайди давлатӣ гузаштани онҳо кафолати онро намедиҳад, ки ин аҳзобу созмонҳо ягон вақт қонунро вайрон намекунанд ва бояд пурра аз доираи назорат берун бошанд. Мо чӣ гуна муайян мекунем? Дар доираи салоҳиятамон, аз рӯи маводе, ки ин аҳзобу созмонҳо мехоҳанд аз тариқи телевизион ва радио пахш гарданд. Агар чунин мавод ё дархост пешниҳод шавад, мо ҳатман онро дида мебароем, новобаста ба он ки аз ҷониби кадом ҳизбу созмон ё ташкилоту муассиса пешниҳод мегардад. Вале ин мавод бояд ҳатман ба талаботи қонунгузории мамлакат ва манфиатҳои миллату давлати мо ҷавобгӯ бошад, дар акси ҳол он ба эфир роҳ дода намешавад. Ин мавқеи устувори Кумитаи телевизион ва радио ҳамчун як мақоми давлатист ва инро бояд ҳама донанд.
Озодагон: Вақте Шумо ишора ба ҳамкорӣ бо аҳзоби сиёсӣ кардед, чӣ гуна ҳамкориро дар назар доштед?
Сиддиқов: Он ҳамкориеро, ки тибқи қонун шабакаҳои давлатии телевизион ва радио чун дигар воситаҳои ахбори омма метавонанд бо аҳзобу созмонҳои сиёсӣ дошта бошанд.
Озодагон: Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон танҳо дар арафаи интихобот ба телевизионҳои Тоҷикистон дастрасӣ доранд. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед? Дар ҳоле, ки қонунгузорӣ дастрасии озод ба чеҳраҳои мухолифро маҳдуд накардааст?
Сиддиқов: Ба ин суолатон аллакай посух додам. Ҳамкорӣ бо аҳзобу созмонҳои гуногун танҳо бо ҳамкорӣ дар арафаи интихобот маҳдуд намешавад.
Озодагон: Лутфан феҳрасти чеҳраҳои «нон грат»-ро номбар мекардед?
Сиддиқов: Кадом «феҳраст», шумо чиҳо мегӯед?! Ин сафсаттае беш нест. «Нон-грата» - ин истилоҳ аслан марбут ба соҳаи дипломатия аст ва ба мо ҳеҷ иртиботе надорад. Маънии ин истилоҳ «шахсони иштирок ё фаъолияташон дар коре ё ҷое маҳдудшуда» мебошад. Барои мо чунин ашхос вуҷуд надоранд, агар ҳукми суд содир нашуда бошад. Бори дигар мегӯям, мо дар раванди ҳамкориҳоямон бо ҳамаи шахсоне, ки фаъолияташон дар доираи қонун ва аз рӯи манфиатҳои миллату давлатамон ба роҳ монда шудааст, муносибати яксон зоҳир менамоем.
Озодагон: Барои мисол, мухолифин умуман ба барномаҳои ТВ роҳ надоранд. Ҳатто дар пахши барномаҳо аз рафти ҷаласаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ намояндагони аҳзоби мухолиф, аз қабили Муҳиддин Кабирӣ ва Шодӣ Шабдолов намоиш дода намешаванд. Дар ин маврид мухбирони шумо ишора ба он мекунанд, ки ба чунин амал бо фармон аз боло даст мезананд? Шарҳи Шумо чист?
Сиддиқов: Мухолифин «умуман ба барномаҳои ТВ роҳ надоранд» гуфтан ғалат аст, намояндагони онҳо низ дар барномаҳо иштирок ва суханронӣ мекунанд. Шумо агар надида бошед, дигарон дидаанд. Дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат 63 нафар вакили мардумӣ фаъолият мекунанд ва мо наметавонем чеҳраи ҳар кадоми онҳоро дар барномаҳо баҳудаю беҳуда ба намоиш гузорем. Чеҳраи вакилон вобаста ба мавзӯи баррасишаванда албатта нишон дода мешавад. Дар ин бора ягон хел «фармон аз боло» нест ва буда ҳам наметавонад. Агар мебуд, он нашр мешуд ва Шумо ҳам онро медидед. Ҳамзамон бояд гуфт, ки гузоришҳоро аз ҷаласаҳои Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ хабарнигорони мо не, балки маркази матбуоти парлумон танзим ва ба мо пешниҳод месозад.
Озодагон: Сабаби афзоиши барномаҳои зиддинаҳзатӣ дар шабакаҳои телевизионӣ, ва он ҳам дар пешорўи интихобот, чист?
Сиддиқов: Шабакаҳои телевизион ва радио худашон махсус «барномаҳои зиддинаҳзатӣ», тавре Шумо мегӯед, ташкил намекунанд. Агар пиндори Шумо чунин аст, хандаовар аст. Мо танҳо воқеиятеро инъикос менамоем, ки имрӯз дар ҷомеа вуҷуд дорад. На бештар аз он. Мардум дар маҳофилу маҷлисҳо имкони озодона ибрози назар кардан доранд.
Озодагон: Шабакаҳои телевизион замоне мавриди писанди омма қарор мегиранд, ки агар воқеъияти рӯзгори мардумро инъикос намоянд. Маъмулан дар телевизионҳои тоҷик ҳамеша аз рақсу суруд ва ё беҳбудиҳо гуфта мешаваду аз мушкилот на, сабаби яктарафа инъикос кардани воқеъияти кишвар чист?
Сиддиқов: Агар Шумо фикр кунед, ки рақсу суруд ифодагари воқеияти рӯзгори ҷомеаи мо нест, ғалат мекунед. Рақсу суруд ҳам як пораи ҷудонопазири зиндагии мардуми мост. Ва агар мо онро бештар нишон медиҳем, пас ин корро бо ду сабаб ба ҷо меорем: якум, мо хоҳишу дархости бешумори бинандагону шунавандагон ва натиҷаи пурсишҳои дар байни онҳо доиркардаамонро ба назари эътибор мегирем, дуюм, ба хотири рушди фарҳанг, ки пояи асосии давлату давлатдорист, тарғиби арзишҳои муқаддаси миллӣ ва мусоидат ба роҳату рафоҳияти мардум, таҳкими саломатии шаҳрвандон рақс ва суруду мусиқиро талқин мекунем. Оё талқини рақсу суруд, шодию нишот ягон ҷои бадӣ дорад?! Албатта, агар бо барномаҳои мо ошно бошед, дар баробари муваффақиятҳо мо аз камбудиҳои ҷомеа низ бисёр ҳарф мезанем.
Озодагон: Бештар маврид далел оварда мешавад, ки шабакаҳои давлатии телевизион ва радио барои таблиғи фаъолияти давлат ва ҳукумат ҳастанд. Аммо ин шабакаҳо аз ҳисоби андоз фаъолият мекунанд. Яъне, маблағи мардум, ҳамон мухолифин аз ҷумла. Пас чаро дастрасӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа ба эфир якранг нест?
Сиддиқов: Аввалан, андоз танҳо яке аз манбаҳои даромади буҷет аст. Сониян, на танҳо мухолифин, балки тамоми шаҳрвандон, тамоми мақомот ва ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла шабакаҳои давлатии телевизиону радио низ андоз месупоранд. Солисан, андозе, ки мову шумо месупорем, охируламр дар шакли ҳар гуна хизматрасониҳои ройгон боз ба худамон баргардад. Оё касоне, ки дар муассисаҳои ғайридавлатӣ кор мекунанд, аз неъматҳое, ки давлат дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ муҳайё кардааст, аз қабили амният, тартибот, шаҳру деҳоти обод, роҳу пулҳо, боғу гулгаштҳо, таълим дар мактаб, ёрии тиббӣ, истироҳатгоҳҳо, идрорпулию кӯмакҳои хайрия, нафақа ва ғайраву ҳоказо бархӯрдор нестанд? Худи дастрасии ройгони аҳолӣ ба барномаҳои шабакаҳои телевизиону радио, ки бо мақсади таъмини он давлат маблағи зиёд сарф мекунад, яке аз чунин неъматҳост. Дар бисёр кишварҳо, мисли Олмон, Британияи Кабир, аҳолӣ барои тамошои барномаҳои телевизион ҳар моҳ пул месупоранд.
Озодагон: Тақдири Академияи ВАО чӣ шуд?
Сиддиқов: Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Академияи воситаҳои ахбори омма омода шудааст ва дар ҳоли баррасӣ дар вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад: бояд макони ҷойгиршавӣ, ҳаҷми маблағгузорӣ ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти ин муассиса мушаххас карда шаванд. Тавре Шумо огоҳӣ доред, аз ҷониби Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик 10 марти соли 2012 барои таъсис додани Академияи ВАО ҷиҳати рушди воситаҳои ахбори оммаи мамлакат супориш шуда буд. Ин супориш ҳатман иҷро мешавад.
Озодагон: Ба назари Шумо телевизионҳои давлатӣ бояд дар хизмати мардум бошанд ё дар хизмати ҳукумат?
Сиддиқов: Шабакаҳои давлатии телевизион ва радио тибқи қонун пеш аз ҳама бояд фаъолиятҳои давлат ва ҳукуматро инъикос намоянд. Аммо давлат ва ҳукуматро аз мардум ҷудо кардан лозим нест, давлат ва ҳукумат низ баргузидаҳои ҳамин мардум ҳастанд ва танҳо барои таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият мекунанд. Аз ин лиҳоз, вақте шабакаҳои телевизион ва радио дар бораи тадбирҳои давлатию ҳукуматӣ ҳарф мезананд, ин маънии онро дорад, ки хизмати мардумро ба ҷо меоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |