Ними аҳолии Тоҷикистон худро дӯстдоштанӣ эҳсос мекунанд
Ҳудуди 50 дарсади аҳолии Тоҷикистон худро маҳбуб ё худ дӯстдоштанӣ эҳсос мекунанд. Дар ин бора нашрияи Вашингтон Пост менависад.
Ин нашрия кишварҳои дигари Осиёи Миёна, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистонро дар радифи давлатҳое, қарор додааст, ки сокинонашон кам эҳсоси дӯстдоштанӣ мекунанд.
Дар ин радабанди номи Афғонистон нисбат ба Тоҷикистон як зина боло гирифта шудааст. Зеро ба гуфтаи манбаъ, мардуми афгон назар ба тоҷикҳо бештар эҳсоси муҳаббат мекардаанд.
Вашингтон Пост мегӯяд, мардуми эҳсосӣ бештар дар Узбакистон ба сар бурда, дар аҳолии Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ин чиз камтар дида мешавад.
Ба навиштаи ин нашрияи амрикоӣ, Афғонистон аз зумраи кишварҳое ба шумор меравад, ки шароитҳои нисбатан хуб барои модар шудан фароҳам мебошанд. Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон аз рӯи ин нишондод дар қатори кишварҳои як зина поён аз ҳадди миёна ҷойгир шуда, аз ҳама хубтар шароитҳои модар шудан дар Осиёи Марказӣ занҳои қазоқ доштаанд.
Бар асоси як нишондоди нашрияи мазкур, аз ҳама бештар мардуми тоҷик ва узбак иқтисоди кишвари худро хушбинона баҳо медидодаанд. Дар ин бобат мардуми Қазоқистон каме воқеъбинона амал карда, аз ҳама зиёд аҳолии Афғонистон ва Қирғизистон ба иқтисоди кишвари худ назари муътадил доштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |