Продюсери филми «Бегуноҳии мусулмон» аз маҳбас раҳо шудааст
Марк Бэссли Юсуф, продюсери филми «Бегуноҳии мусулмон»-ро, ки дар яке аз маҳбасҳои Амрико нигоҳдорӣ мешуд, қабл аз муҳлат раҳо кардаанд.
Хабаргузории Reuters менависад, ӯ ҳоло дар маркази тавонбахшӣ қарор дорад. Дар Амрико одатан маҳбусони озодшуда зери назорати мақомот то одат кардан ба зиндагӣ миёни ҷомеа нигоҳ медоранд. Юсуф то охири муҳлати адои ҷазоаш, ки оғози тирамоҳи имсол аст, онҷо хоҳад буд.
Юсуфи 56 сола, ки ҳамчун Накул Бэссли Накул маъруф аст, моҳи ноябри соли 2012 бо қарори додгоҳи Калифорния ба як соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд. Ӯ бо иттиҳоми нақзи шартҳои раҳоии пеш аз муҳлат аз маҳбас муттаҳам шуд. Юсуф соли 2011 барои қаллобӣ муҷозот гардида, баъдан раҳо шуд. Додгоҳ таъкид дошт, хилофи шартҳои раҳоии пеш аз муҳлат ӯ ба худ лақаб гирифта, аз интернет истифода кардааст. Ин қонуншиканиҳоро вай ҳангоми кор дар филми «Бегуноҳии мусалмон» анҷом додаст.
«Бегуноҳии мусалмон» таҳвин ба паёмбари Ислом- Муҳаммад (с) аст, ки аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо вокунишҳои шадид рӯбарӯ шуд. Ин филм моҳи августи соли 2012 дар шабакаи YouTube нашр гардид. Чанде аз кишварҳои мусалмонӣ дастрасӣ ба YouTube-ро комилан қатъ карданд. Дар Русия бошад, филми «Бегуноҳии мусалмон» экстремистӣ эътироф шуд.
Дар сурат Марк Бэссли Юсуф, акс аз AP
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |