Оғози санҷиши саргузашти талхи гуруҳи «Баракат» дар Душанбе
Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангуи фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мегӯяд, қазияи бо овозхонҳои хориҷӣ дар фурудгоҳи пойтахт руйдодаро таҳқиқ хоҳанд кард.
Номбурда дар шабакаи Фейсбук навиштааст, ки «аз рӯи ҳодисаи Дмитрий Евсиков, ки шаби гузашта дар фурудгохи Душанбе рух додааст, бо супориши роҳбарияти фурудгоҳ сардори хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ таҳқиқи хидматиро сар кард. Алъон ҳамаи сабтҳои видеоӣ дида мешавад. Пас аз маълум шудани нафари дар ҳодиса даст дошта ба шумо иловатан маълумот медиҳем».
Ёдовар мешавем, Дмитрий Евсиков, раҳбари гуруҳи «Баракат», ки чанде пеш ба Тоҷикистон омада ва дар шаҳрҳои Душанбеву Хоруғ консерт дод, дар саҳифаи Фейсбукаш аз муносибати кормандони фурудгоҳи Душанбе шиква кардааст. Ӯ навишта, ки мардуми тоҷикро зиёд дӯст медоранд ва фарҳанги онҳоро ба Ғарб мебаранд. «Сафари мо ба Тоҷикистон хеле хотирмон буд. Аз лаҳзаҳои аввалини омадан ба ин кишвар то расидан ба фурудгоҳ ҳамин шаб»,-афзудааст вай.
Дмитрий Евсиков гуфтааст, соати дуи шаб ба фурудгоҳи Душанбе расиданд ва дар толори СИП ҷой гирифтанд. Чун асбобҳои зиёди мусиқӣ бо худ доштаанд, як корманди фурудгоҳ барои иҷозати вуруд ба ҳавопаймо аз онҳо ду баробар бештар маблағ талаб кардааст. «Ман гуфтам, ки ба қатори ҳама дар навбат истода мегузарем. Аммо он корманд аз паси ман омада гуфт, ки "беҳуда рад кардед, имкон дошт бо маблағи камтаре ба мувофиқа расем». Он мард, ки натавонист аз мо маблағ рӯёнад, тасмим гирифт, қасос бигирад. Ба назди нуктаи қайд рафта, ба корманди онҷо чизе гуфт»,-илова кардааст раҳбари гуруҳи «Баракат».
Ӯ дар идома навиштааст, ки баъди ин мушкилашон сар шуд: «Мо бо худ ду гитор ва ду сетор доштем, ки якеаш туҳфа аз хона-музеи Наргис Бандишоева буд. Шахсан модари Наргис онро ба мо ҳадя кард. Корманди фурудгоҳ гуфт, ки моро бо дастгоҳҳо ба толор роҳ намедиҳад. Ман гуфтам, наметавонем, ин чизҳои нозукро ба боғоч диҳем. Вай шиносномаҳои моро гирифта сардорашро ҷеғ зад».
Раҳбари гуруҳи «Баракат» менависад, мушкилашон бо ин ҳал нашуд ва он сардор низ таҳдид кард, ки бо асбобҳои мусиқӣ ба толори ҳавопаймо роҳашон намедиҳад. Баъдан ӯ гуфтааст, «бо шумо вориди ҳавопаймо мешавам, агар як стюардесса аз шумо шикоят барад, шуморо иҷозати парвоз намедиҳам». «Ман гуфтам, ки хоҳиш мекунам, хотироти хуши моро аз сафар ба Тоҷикистон хароб накунед. Мо мусиқии шуморо иҷро мекунем ва онро ба шунавандаҳои Ғарб мерасонем»,-меафзояд ӯ.
Аммо ин ҳама низ ба онҳо таъсир нарасонд. Ӯ қисса кардааст, ки чӣ гуна баъди мушкилии зиёди дигар тавонистанд ба ҳавопаймо нишинанд. Дар охир ӯ гуфтааст, «бо вуҷуди ҳамаи ин мушкил онҳо аз хидмат ба мардуми хуби тоҷик даст намекашанд».
Ин матлаби Дмитрий Евсиков дар интернет ба вокуншҳои зиёде рӯбарӯ шудааст. Бештари шарҳнависон аз гуруҳ барои чунин муносибат дар фурудгоҳ маъзарат хостаанд. Аммо бархе ҳам гуфтаанд, ки раҳбарияти фурудгоҳи Душанбе бояд расман аз гуруҳ узр пурсад. Ҳатто чанд нафар истеъфои раҳбарияти фурудгоҳро талаб кардаанд.
Гуруҳи «Баракат»-и Рига ба таронаҳои хонандаҳои тоҷик, ба вижа Наргис Бандишоева, Муборакшо Мирзошоев, Олег Фейзов, Далер Назаров ва гуруҳи «Шамс» дилбастагии зиёд дошта, як албоми худро низ бо номи «Tribute To Nargis» нашр кардааст. Гуруҳи «Баракат» дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» ва маркази Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон консерт дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |