Бахшҳо
14 авг 2013 08:59Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Радду бадали Зайд Саидов бо духтари “ҷабрдида” зимни рӯбарӯкунӣ

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик мегӯянд, рӯбарӯкунии зерҳимояашон бо духтаре, ки ӯро дар таҷовуз ба номус муттаҳам мекунад, баргузор гардид.

Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони дифоъи Зайд Саидов ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, ҳангоми мулоқоти рӯ ба рӯ, ки рӯзи 12-уми август сурат гирифт, зерҳимояашон изҳор дошт, “ки ин духтаракро намешиносам, бори аввал мебинам ва ягон алоқае ҳам дар гузашта бо ӯ надоштаам.”

Вале духтар дар навбати худ таъкид доштааст, ки Зайд Саидовро мешиносад, гуиё ҳолати таҷовуз ба номус воқеан ҷой доштааст ва дар соли 2008-ум анҷом ёфтааст. Аммо Зайд Саидов ин ҳамаро дар ҳаққи худ тўҳмати беасос хондааст.

Исҳоқ Табаров мегўяд, ки дар мулоқоти рў ба рў духтар бо намояндаи қонунии худ ҳузур дошта, на бар ҳамаи пурсишҳо посух додааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Оҷонсии фасод изҳор дошт, ки Зайд Саидов бо ин духтари ҷабрдида як кӯдаки семоҳа дорад. Табаров ҳам бо зикри ин таъкид намуд, ки аз гурўҳи муфаттишон дархост кардаанд, то ташхисоти ДНК гузаронда шавад: “Вале ба далели ин, ки дар Тоҷикистон ин ташхис ғайриимкон аст, шояд, ташхиси биологӣ гузаронда шавад”.

Табаров таъкид намуд, ки ин рӯбарӯкунӣ бо дархости вакилон сурат гирифт ва ҷониби ҳимоя аз кори муфаттишон дар рафти рӯбарӯкунӣ ва натиҷаҳои он розист. Ин вакили мудофеъ гуфт, ҳамарўза барои шиносоӣ бо парванда бо Зайд Саидов мулоқот анҷом медиҳанд ва изҳор дошт, ки феълан аз рафти тафтишот қаноатманд ҳастанд.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ҷабрдида аз таҷовуз ба номус ва модари ӯ дар моҳи июни соли ҷорӣ ба агентӣ муроҷиат кардаанд ва пас аз санҷиши ваҷҳҳои дар ариза овардашуда 16 июли соли 2013 нисбати Саидов Зайд оиди таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Оҷонсӣ қаблан изҳор дошта буд, ки “ғайр аз модари духтари ноболиғ шоҳиди дигар низ, ки Зайд Саидов барои ин духтарро ба занӣ гирифтан ба ӯ маблағи 1300 доллари амрикоӣ дода буд, бо Саидов рӯбарӯ карда шуд. Шоҳидони мазкур дар рафти рубарукунӣ бо Саидов З. нишондодҳои худро пурра тасдиқ кардаанд.”

Ин ниҳод моҳи гузашта бо пахши як иттилоияи муфассал гуфта буд, ки “зимни баррасии ариза муайян карда шуд, ки Саидов З.Ш. моҳи апрели соли 2008 дар Душанбе дидаю дониста, ки шаҳрванд «А» 14-сола аст, бо роҳи фиреб ба як хонаи истиқоматӣ бурда, ӯро ба воситаи нушокии мадҳушкунанда беҳуш кардаву аз вазъияти оҷизонаи ӯ истифода ва ба номусаш таҷовуз мекунад. Ҳамин тавр, Саидов З.Ш. аз сарватмандию дороии худ истифода намуда, ба тақдири минбаъдаи ноболиғ «А» бе эътиноии маҳз зоҳир намуда, аз моҳи апрели соли 2008 то моҳи августи соли 2012 аз вазъияти оҷизонаи ӯ истифода карда, бо роҳи таҳдиди зӯроварӣ, мунтазам алоқаи ҷинсӣ карданашро бо ӯ давом медиҳад. Дар давраи солҳои 2008-2012 дар натиҷаи алоқаҳои ҷинсии мунтазами Саидов З.Ш. бо шаҳрванд «А», номбурда се бор ҳомиладор мешавад. Саидов З.Ш. бо мақсади он ки кирдорҳои ҷинояткоронаи ӯ ошкор нагардад, дар ин се ҳолат шаҳрванд «А»-ро барои исқоти ҳамл кардан маҷбур месозад, ки дар натиҷа охирин аз ноилоҷӣ дар ин се ҳолат исқоти ҳамл менамояд.”

Дар иттилоияи пахшкардаи Оҷонсӣ омадааст, “аз ин ҳолати ногувори шаҳрванд «А» модари ӯ огаҳӣ пайдо карда, бо Саидов З.Ш. вомехӯрад, ки дар натиҷа Саидов З.Ш. барои гумроҳ намудани модари шаҳрванд «А» ба модари ӯ ваъда медиҳад, ки оид ба ин воқеа ба касе хабар надиҳад ва худи Саидов З.Ш. духтари ӯро ба занӣ гирифта, шароити зиндагонияшро таъмин мекунад. Саидов З.Ш. ӯро тарсонда таҳдид менамояд, ки дар акси ҳол онҳо нисбати ӯ чора андешида наметавонанд ва худро беобрӯ месозанд.”

Масъулини Оҷонсӣ меафзоянд, “сипас, Саидов З.Ш. бо мақсади он ки кирдорҳои ғайриқонунии ӯ ошкор нагардад, моҳи августи соли 2012 шаҳрванд «Б»-ро 1300 доллари амрикоӣ дода, боз ба ӯ маблағи пулии зиёд ваъда карда, ба издивоҷ кардан бо шаҳрванд «А» моил менамояд ва ба ӯ ваъда медиҳад, дар сурати розӣ кунонидани шаҳрванд «А» ва оила барпо карданашон, барои онҳо аз ҳисоби худаш ҳавлии истиқоматӣ харида, туйи домодию арӯсии онҳоро бо дараҷаи олӣ дар беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе мегузаронад.”

Ба гуфтаи масъулини Оҷонсии зидди фасод, духтурони генеколог ба шаҳрванд “А” тавсия додаянд, ки баъди барзиёд анҷом додани исқоти ҳамл мумкин аст, ӯ безурёт шавад: “Бинобар ин, баъд аз маротибаи чорум ҳомиладор шуданаш аз Саидов З.Ш. пинҳон шуда, фарзанд таваллуд мекунад, ки ин фарзанди ӯ ҳоло семоҳа мебошад.”

Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав иттиҳоми нави Оҷонсии зидди фасод дар бораи таҷовуз ба номусро рад кардааст. Дар ин бора Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеи оқои Саидов, ба “Озодагон” хабар дод. Вай гуфт, Зайд Саидов дар посух ба суоли муфаттишони Оҷонсӣ гуфтааст, духтареро, ки аз болои ӯ ба иттиҳоми таҷовуз ба номус шикоят бурдааст, намедонад ва робита ҳам надоштааст.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Қаблан мақомот алайҳи Саидов иттиҳомот ба сӯистифода аз мансаб, пора, қаллобӣ ва бисёрзанӣ пеш гузошта буданд.
Мӯҳр
довар
Саидов аз духтару хохари худат фикр накарди хозир рад мекуни дар он дуньё чи чавоб медихи

Нодир
Зайда аз наздик медонум. Рости гап ин одам хамин хел корхоро мекард. Чунки дар давраи вазири сахт маст шудаги буд. Хай чавобша гуяд охи. Адвакато хам пула бисёртар гирифта, манбаи даромад ёфтагиан. Инхо хам мехохан ки ин казия як сол давом кунаву рахи пулошон баста нашава. Хай ин бечорахо хам клиенти соддара ёфтагиан. Зайда дар зиндаги аз соддаги ва сусти хама истифода мекунад. Одаме буд, ки хохарша Зайда дода, аз хисобуш катаги мекард. Бисёр шахвониву зандустдорай.

Нодир,
НОДИРЧОН БАРОДАР АГАР ЗАЙД ХАМИН ХЕЛЕ, КИ ТУ МЕГУИ БОШАД ХАЙР ТУ РОСТ... ЛЕКИН АГАР НАДИДА БОШИЮ ТУХМАТ КАРДА БОШИ ПАС ТУ БИДОН КИ МУВОФИКИ ОЯХОИ КУРОНИ КАРИМ "ФИТНА САХТТАРУ БАДТАР АЗ КАТЛ АСТ" ЧОЯТ ДУЗАХ АСТ...........

Суруш
Муносибати Зайд Саидовро бо Нозияи Кароматуллох дар парванда намехонем-ку. Охир миёни мардум овозааст, ки Саидов Нозияро низ бо чунин рох бурдааст. "Озодагон" агар вокеан хабаргузори мардуми боши, инро чоп кун ва пайгир шав!!!

сафар
О ин Нозияи бечораро ба чанд кас медихед Суруш .. як вакт овоза карданд ки Рустамчон гирифтаги Нозияро . коре мекунед ки хамин духтар бе шавхар мемонад..

Нур
Дар мавкеи изхори назар кардан хохиши он дорам, ки ба ростию инсофу адолат такя намоед, зеро ба кавли Шайх Саъди:
Рости мучиби ризои Худост,
Кас надидам гум шуд дар рохи рост.

Azim
tavjjuh kuned kamentariyahoi NODIR DOVAR va SIYOVUSHro yak kas navishta ast az jumlabandish va imlosh malum ast
khele ghayrihirfai kor mekunand!!!

Garib
Нодир,
Agar Saidov hami kora karda bosha Alloh bzanasha nekim agar Saidov hami kori tu guftagira nakarda bosha Alloh tura rasvoi hardui olam kunad!!!

доро
ба кавли Мавлави авлиёро чун худ пиндоштанд. касе ба Зайд чунин суханхоро раво медонад дар пасттарин зинаи хирад меистад. имруз бо Зайд иблис сухан мегуяд шумо бо иблис хамоханг шудаед.

Сиёвуш
Бародар Азим, гуш кун-да. Ман Нодирро намешиносам.
Аммо он чизе ки оид ба Саидов ва Нозия аз мардум шунидаам, хамонро навиштаам. Ман хеч касро холо гунахкор накардаам. Факат пешниход кардаам, ки инро пайгир шаванд ва дуруст ё нодуруст буданашро нависанд. Ту рав аввал навиштанро ёд кир, баъдан изхори назар намо. Фахмо?

Ошно
Ба Доро: Агар Зайд худаш иблис бошад чи? Бародар Доро танхо хамон факте ки ин кадар сармоя бо рохи росту халол чамъ карда намешавад далели муътамадест барои бо иблис шартнома бастани чаноби Зайд Саидов ё не? Хак номи Худост! Ё шахвони будани у яъне ба кавли равоншиносии муосир уклони шахвоният доштани З. Саидов аз серзанагии у бармеояд, хатто агар чи тавре худи у тасдик мекунад у занхоро сар дода баъд дигарашро гирифта бошад, агар дар як маврид бо ин кадар зан якчоя зиндаги карда бошад вой бар холи у. Маро бовар намекунед мархамат ба дилхох мутахассиси равоншинос(психолог) мурочиат кунед. Пас факти тачовуз дар ин холат имкон дорад. Озодагон илтимос андешахои мухолифро хам кам-кам нашр кун, бисёр коментхо яктарафа шудаанд, тавозун нигох доред!

Салом ба хама. Сарогоз як чиз мегум Худо аз тухмат нигах дорад баъдан бародаро Нодиру Азиму Дорву Сиёвуш ... ЯК СУОЛ чаро хамин З.САИДОВ то рузи 5 апрел озод мегашт на уро чинояткор мегуфтану на каллоб(эй инсонхо ба вичдонхоятон суол кунед) аммо рузи 6 апрел оиди таъсиси ХИЗБ икдом кард пояхои кудрат ларзиданд вохима, кудрат аз даст меравад. Барои чи интавр шуд (Касе, ки ба худ бовари надорад у тарсуст ин фикри ман аст Шер) барои ин ки Хукумат ба худ бовари надорад, яъне мардуми нест. Натича Саидов Зайд душмани халк парронда шавад. Аммо он Худоеро, ки ба хама кори мо огох аст чи чавоб медихем. Худованд медихад ва мебинад ки чикор мекуни шукр кардиву Уро ёд карди хурсанд хохад шуд аммо аз худ рафтиву гарра шудиву Уро фаромуш карди пас шармадаат мекунаду баъд пушаймони окибат надорад. Бо умеди тавфик Шер.

dilovarjon
бало ба паси партия, ки тавлид нашуда мурд
намешавад ки лаганбардорон 1 миллион пора гиранд аз Зайду чинша халос кунад?

Kormandoni ziddi fasod bAs budagist in tuhmatho ' az in koroi kardaaton obrui rehtai tojikistonro ya bora rezonded dar arsai bainalmillali!! Barodaron in davlatu hukumati mo tojikistonro dar digar davlatho hamchun davlati gado muarrifi mekunad har davlat rafta pul talab mekunAdu bar kisai hud mezanand! Rahi dushanbe to hujand hitoiho hamchun tuhfa sohta dodand domodi janob girift raha pulaki kard i dar kjo tugri megir' haifi mard budani mo ki homushem !! Murdanamon beh ast'. iltimos gapora naburida chop kunn! Ziddi fasod Zaid Saidovro ozod kuned in mard gunoh nadorad o shumo bo in tuhmathoyaton fakat obrui hudatonro rezonda istodaed , reitingi korhonaatonro past karded!! Ya bor omada narkabiznesora taftish kuned ku e ki tagagi meknenshona!!

ман пушти ягон касро намегирам лекин хаминро гуфтаниям, ки барои чи мардуми мо кариб хамааш лаганбардор хастанд? Барои он ман ин саволро додам, мардуми мо доим мегуянд, ки хукуматдорон хама дузданд аммо вакте, ки коркуни хукуматро дар дузди капидаанд боз мардум пушти уро мегиранд.шояд гуед, ки аз барои таъсиси хизб уро хабс кардаанд Вале инчо як шояди дигар хаст шояд у фахмид, ки парванда кушодаанд аз барои хамин аз хизбаш эълон кард то ин ки мардум уро дасгири кунанд. худо ёратон бод.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)