Мақомоти Маскав пешниҳоди таъсиси майдонҳои намозгузориро қабул накардааст

Мақомоти шаҳри Маскав ба таъсиси майдонҳо барои намозгузории мусалмонҳо дар боғҳо иҷозат надодааст. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад.
Манбаъ аз қавли Сергей Капков, раҳбари дастгоҳи фарҳангии шаҳр навиштааст, ки «боғ ҷои таҳамулпазирӣ аст ва мо ягон динро он ҷо тарғиб намекунем».
Ин дар ҳолест, ки Петр Бирюков, сардори хоҷагии манзилию комуналии шаҳри Маскав гуфтааст, майдончаҳо барои намозгузориро мешавад дар саҳни биноҳо дуруст кард, агар худи сокинони пойтахт инро дархост кунанд. «Ҳоло мо дар ҳама кор бо сокинони Маскав машварат мекунем. Онҳо хуҷаини шаҳранд. Муайян мекунем, ки ҷонибдорони кадом фикр зиёданд ва мо бо ҳамон амал мекунем», -афзудааст Бирюков.
13-уми август рӯзномаи «Известия» навишт, ки «мақомоти шаҳр идеяи дар майдонҳои сабзи Маскав ҷойгир намудани ҳудуди 100 майдончаи намозгузорӣ барои мусалмонҳоро баррасӣ доранд».
Дар ин матлаб гуфта мешуд, тарҳи ин майдончаҳоеро, ки дар чанд сония дуруст ва баъди адои намоз ба осонӣ ҷамъ мешаванд, Тигран Арутюнян кашидааст. Ба қавли Арутюнян бо ин васила мушкили намозгузории одамонро зимни ҷашнҳои бузург мешавад ҳал кард.
Манбаъ навиштааст, Иди Саиди Фитрро дар кӯчаҳои Маскав 149 ҳазор нафар ҷашн гирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |