ЭЪЛОН: Интиқоли об ба Душанбе то 70% кам мешавад

Шаҳрдории Душанбе, имрӯз, 13-уми август бо пахши як иттилоия ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки дар пайи боришоти бошиддат дар доманакуҳҳои ноҳияи Варзоб, ки айни ҳол идома дорад, сифати оби воридотӣ ба Душанбе якбора пойин рафта, шаффофии он ба сифр баробар шудааст.
Шаҳрдорӣ мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди оби зараровар ба системаи таъминоти об дар Душанбе ҳаҷми интиқол аз истгоҳи обтозакунии Худҷореъ ба истеъмолкунандагон шуруъ аз нимаи дуюми рӯзи 13 августи соли 2013 муваққатан 50%-70% кам карда шуд.
Масъулини Душанбе мегӯянд, ин тадбир барои ҳифзи саломатии сокинон буда, бо кам гардидани боришот фаъолияти истгоҳи обтозакунии Худҷореъ азнав пурра барқарор мешавад.
Ҳукумати Душанбе таъкид мекунад, ки барои хизматрасонии маҳаллаҳои фишори обашон пастгардида, дар чор ноҳияи пойтахт зери масъулияти раисони ноҳияҳо интиқоли об тариқи мошинҳои обкаш таъмин карда мешавад. Ба иттилои манбаъ дар сурати пайдо шудани суол, шаҳрвандон имкон доранд ба Ситоди шаҳрӣ, ки дар назди КВД «Обу корези Душанбе» шабонарўзӣ фаъолият менамояд тариқи телефони 227-86-29 муроҷиат намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |