Сокинони Шуҷанд аз тарси сел ба деҳоти атроф паноҳ бурдаанд
Роҳи пайвандгари водии Бартанг бо маркази ноҳияи Рӯшон ва вилояти Бадахшон, ки шаби гузашта дар пайи селхезӣ дар деҳаи Шуҷанд баста шуда буд, нисфи имрӯз, 13-уми август дубора кушода гардид.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” сокинони маҳаллӣ хабар дода, афзуданд, ки селхезӣ дар деҳаи Шуҷанд, 10 киллометр дуртар аз маркази Рӯшон шаби гузашта дар пайи боронигарӣ сар задааст.
Ба иттилои манобеи маҳаллӣ ин селхезӣ танҳо хисороти молӣ ба бор овардааст ва хисороти ҷонӣ дар пай надорад.
Бо вуҷуд бархе аз сокинони Шуҷанд аз тарси селхезии шаби гузашта имрӯз, ба деҳоти атроф, аз ҷумла Емс, панҷ киллометр дуртар аз хонаашон паноҳ бурдаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |