Ширкати раиси Суғд ва ду овозхони тоҷик дар бозии Тоҷикистону Ҳинд
Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, фардо, 14-уми август, дар сабқати дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба футбол ширкат хоҳад дошт.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҳиндустон, фардо, соати 17:00-и бегоҳ дар майдони “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд дар назар буда, интизор меравад, ки пеш аз оғози сабқат, овозхонҳои маъруфи тоҷик, Нигина Амонқулова ва Нозияи Кароматулло низ ҳунарнамоӣ кунанд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, тартиботи ҷамъиятиро зимни ин бозӣ беш аз 1000 маъмури пулис назорату таъмин хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |