Мудирияти Фейсбук саҳифаи қалбакии Ҳамрохон Зарифиро баст
Чанд соат баъд аз пахши изҳороти Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар мавриди кушода шудани саҳифаи қалбакии ӯ дар Фейсбук, мудирияти ин шабака акаунти тақаллубии вазири тоҷикро баст.
Дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ таъйид намуданд, ки баъд аз муроҷиати расмӣ ба мудирияти Фейсбук ва паҳн шудани изҳорот дар ВАО ин саҳифа баста шуд.
Субҳи имрӯз, 13-уми август, Зарифӣ дар саҳифаи аслии фейсбукияш иттилоияе пахш намуда буд, ки «7 августи соли равон дар шабакаи иҷтимоии Facebook аккаунт бо номи ман – Хамрохон Зарифи (https://www.facebook.com/profile.php?id=100006486525314&fref=ts) сохта шуд. Соҳиби аккаунт тамоми маълумот ва аксҳоро аз саҳифаи аслии худам нусхабардорӣ карда, дар аккаунти қалбакӣ ҷо намудааст. Дар ҳоли ҳозир он шахс аз номи ман ба шахсони бисёре “пешниҳоди дӯстӣ” (добавить в друзья) фиристодааст.»
Зарифӣ ба ҳамаи истифодабарандагони Фейсбук хотиррасон кард, ки аккаунти навбаромад қалбакӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |