Дар шаҳри Турсунзода корхонаи «Сомон-Тӯрон-инвест» расман ба фаъолият оғоз намуд.
Расми ифтитоҳи ин ҷамияти дорои масъулияташ маҳдуд бо ширкати президент Эмомалӣ Раҳмон сурат пазируфт. Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони корхонаи мазкур моҳи январи соли 2010 бо сармояи соҳибкори маҳаллӣ Парвиз Рӯзиев оғоз гардида, ба истеҳсоли орд, макарон, маҳсулоти қаннодӣ ва қутиҳои қоғазӣ равона шудааст. Сехи тавлиди орди корхона дар шабонарӯз 100 тонна гандумро коркард мекунад. Сехи макаронистеҳсолкунӣ бошад, қудрати моҳона тайёр намудани то 13 тонна макаронро доштааст.
Ёдовар мешавем, сафари кори райисҷумҳур ба шаҳри Турсунзода идома дошта, қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Шаҳринав низ дидан кунад. {jathumbnail off}
Мӯҳр