Муҷассамаи биринҷии падари президент гузошта шуд

Дар Туркманистон нахустин муҷассамаи биринҷии Мяликгулӣ Бердимуҳаммадов, падари раисиҷумҳури кунунии ин кишвар насб карда шуд.
Ба иттилои расонаҳои туркманӣ, ин муҷассама дар Маҷмааи низомии рақами 1001-и Вазорати умури дохилии Туркманистон рӯзи 13-уми август зимни маросими ифтитоҳияи ин маҷмаа гузошта шудааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 13-уми августи соли гузашта муҷассамаи падари раисиҷумҳури Туркманистон дар боғи деҳаи ба номи ӯ, Бердимуҳаммадов, воқеъ дар 50-километри шаҳри Ашқобод гузошта шуда буд.
Манбаъ мегӯяд, дар ин чорабинӣ, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ва мақомоти баландпояи ин кишвар, бахусус раиси парлумон ва муовини раиси ҳукумати Туркманистон иштирок доштаанд.
Мяликгулӣ Бердимуҳаммадов, падари раисиҷумҳури Туркманистон яке аз қаҳрамонони мақомоти умури дохилии туркман ба шумор меравад, ки рутбаи подполковникӣ доштааст.
Дар Туркманистон барои ашхосе муаҷассамаи биринҷӣ гузошта мешавад, ки дуюмбора бо ҷоизаҳои олии ин кишвар, “Қаҳрамони Туркманистон” ва “Моҳи тилоӣ” қадрдонӣ шуда бошад.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури кунунии Туркманистон то ҳол як бор бо ҷоизаи олии кишвараш, “Моҳи тиллоӣ” сарфароз шуда, рутбаи қарамонии туркманро соли 2011 ба хотири саҳми арзишмандаш дар тақвияти истиқлоли Туркманистон ба даст овардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |