Духтари 4-солаи тоҷикистонӣ дар Маскав падарашро меҷӯяд
Руфина Қурбоноваи 4-сола, фарзанди як муҳоҷир аз Тоҷикистон, Умед Қурбонов, дар шаҳри Маскави Русия падари худро меҷӯяд.
Зафар Қурбонов, ҳуқуқшиноси тоҷик, дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, пайвандони тотортабори модари ин духтарак, ба ӯ хабар расонидаанд, ки модари Руфина майнуш буда, мумкин аст аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум гардад ва эҳтимол ба зудӣ ин кӯдак ба ятимхона дар шаҳри Оренгбурги Русия супурда шавад. Номбурда иброз дошт, ки аз ин хотир пайвандони ин духтарак падари вайро меҷӯянд, то аз фарзандаш муроқибат кунаду ба ятимхона супурда нашавад.
Ҳуқуқшиноси тоҷик аз нафароне, ки падари Руфина Қурбоноваро мешиносанд, барои ҳалли ин мушкилот хоҳиш мекунад, ки бо рақамҳои 89228890351 ва ё 907993898 тамос гиранд. Ба қавли пайвандони модарии Руфина, падараш, Умед Қурбонови тақрибан 34-35 сола, шаҳрванди узбактабори Тоҷикистон мебошад, ки дар Маскав муҳоҷири меҳнатӣ шуда, кор мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |