Раҳмон дар Норак хонаҳои истиқоматии 25-у 30 ҳазор $-ӣ ба истифода дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз,13-уми август зимни сафари корияш ба шаҳри Норак дар маросими кушодашвии якчанд иншоот ширкат намуда, аз корхонаҳои саноатии ин шаҳр низ дидан кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи таҷрибавию механикии Норак шинос шудааст, ки айни ҳол 25 намуд масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили сеткаҳои соҳилбандию деворсозӣ, панҷараҳои оҳанин, конструксияҳои металлӣ барои бунёди биноҳои таъиноти мухталиф, иншооти бузурги гидротехникӣ, мустаҳкамсозии канораҳои роҳҳои мошингард дар минтақаҳои кӯҳистон ва ғайра истеҳсол мекунад. Ин корхона, ки чанд сол аз кор бозмонда буд, соли 2006 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ харидорӣ гардида, дубора фаъол шудааст.
Президент инчунин ба роҳбарияти корхонаи Бофандаи Норак бо назардошти имкониятҳои мавҷудааш дастур додааст, ки дар муддати кӯтоҳ 300 ҷойи корӣ бунёд намуда, шумораи умумии коргаронро ба 400 нафар расонанд.
Дафтари матбуоти президент мегӯяд, бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон сохтмони мактаби нави замонавӣ барои 660 хонанда оғоз шуд ва ҳамчунин дар маркази шаҳри Норак як бинои панҷошёнаи маркази хизматрасонӣ ифтитоҳ ёфт, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муродалӣ Ятимов бунёд гардидааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон бозори нави Норак ифтитоҳ ёфт, ки аз ду бинои дуошёна ва як бинои сеошёна иборат буда, дорои беш аз 300 ҷойи корӣ мебошад: “Ин бозори зебою мураттаб аз ҷониби бародарони соҳибкор Назаровҳо бо харҷи қариб 5,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он фурӯшгоҳҳои маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, либосворӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, супермаркет, меҳмонхона ва коргоҳҳои дӯзандагию заргарӣ ҷойгир карда мешаванд. Коргоҳи дӯзандагии он аллакай омода буда, дорои 50 ҷойи корӣ аст. Дар ин ҷо дӯхти либосҳои гуногуни мардонаю занона, кӯдакона, корӣ, мактабӣ, либосвории арӯсӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Бунёдгузорони бозор аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуданд, ки то охири сол дар ҳамин коргоҳ боз 50 ҷойи кории дигар бунёд намоянд”.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино 8 хонаи 3 ва 4 ҳуҷрагии истиқоматӣ омода шудааст, ки бе ороиши дохилӣ мутаносибан бо нархи 25 ҳазор ва 30 ҳазор доллари амрикоӣ ба фурӯш гузошта мешаванд.
Дар баробари ин, президенти кишвар зимни шиносоӣ ба фаъолияти корхонаи хусусии “Тоҷикгидромонтаж” роҳбарияти ин корхонаро ӯҳдадор намудааст, ки дар давоми 5 моҳи оянда боз як коргоҳи дӯзандагӣ бо 40 ҷойи корӣ омода намоянд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, зимни боздиди президент аз Норак аён гардид, ки ҳоло аксари корхонаҳои ин шаҳри саноатӣ фаъолияти самарабахш ба роҳ мондаанд.
Манбаъ зикр мекунад, ки Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳи чанд иншооти муҳим ба шаҳри Норак сафар намуд ва айни ҳол сафари президент идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |