Сад саҳмдори “Мовароуннаҳр” як моҳ пас хона мегиранд

Масъулини "Мовароуннаҳр" мегӯянд, моҳи сентябр сад саҳмдори ин ширкат дар маҳалли “Гипрозем”-и Душанбе, соҳиби хонаи нави истиқоматӣ мешаванд ва барои таъмини муштариёни боқимонда сохтмон дар биноҳои дигари нотамом идома дорад.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи саҳмдорони ширкати “Мовароуннаҳр”, имрӯз 13-уми август дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, кор дар биноҳои нотамоми ноҳияи Исмоили Сомонӣ идома дорад. Ёров афзуд, барои пеш бурдани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Маяковскийи Душанбе, имрӯз, 13-уми август бо намояндагони ширкати чинӣ мулоқот доранд ва дар назар аст, ки сохтмони ин биноҳо низ ба зудӣ анҷом ёбанд.
Дар мавриди қарздории “Мовароуннаҳр” аз “Ориёнбонк” Ёров афзуд, ки айни ҳол машварату ҳисобу китоби тарафайн идома дорад.
Ёдрас менамоем, фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» баъд аз ҳабси Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини он дар соли 2010 қатъ шуда, суратҳисоб ё худ молу амволи ин ширкат ба ҳабс гирифта шуд. Саҳҳомони ширкат мегӯянд, мақомот ба ҳар далел монеи давоми кори ширкат мешаванд ва имкон намдиҳанд, ки ширкат биноҳои нимсохтаашро ба итмом расонад ва мизоҷонро бо хона таъмин намояд. Аммо ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ба қазияи муштариёни ин ширкат дахолат карда, дастур дод, ки масъалаи онҳо омӯхта ва ҳал шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |