Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар ҲИУ
Дар Афғонистон як гуруҳи Ҳаракати исломии Узбакистонро боздошт кардаанд, ки миёни онҳо шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.
Ба иттилои расонаҳои афғонӣ, Идораи амнияти миллии Афғонистон рӯзи 12-уми август аз боздошт шудани як гуруҳи 9-нафараи Ҳаракати исломии Узбакистон дар вилояти Бадахшони ин кишвар хабар додааст. Манбаъ мегӯяд, миёни ин 9 нафар як шаҳрванди Тоҷикистон низ мебошад. Аммо ному насаби ин табаи тоҷик гирифта нашудааст.
Гуфта мешавад, аз афроди боздоштшуда 30 кило маводи мухаддир, 40 кило ҳашиш ва чанд адад силоҳ мусодира шудааст.
Идораи амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, ин гуруҳ ҳангоми бозрасӣ ба ҷурму ҷиноятҳои худ эътироф карда, гуфтаанд: “Фармондеҳи Толибон, ки аз ӯ қори Абдулфаттоҳ ном мебаранд, дар Покистон онҳоро омӯзишҳои террористӣ дода, баъд аз он вориди қаламрави Афғонистон кардааст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |