Арзонии табобат дар Тоҷикистон маризони хориҷиро ҷалб намудааст

Дар Тоҷикистон ҳудуди 3 ҳазор беморхона аст ва барои таъмини ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ 3 миллиард доллари амрикоӣ зарур аст.
Дар ин бора сомонаи “centralasiaonline.com” аз қавли Аламхон Аҳмадов, собиқ вазири тандурустӣ ва доктори илмҳои тиб хабар медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки имсол аз буҷети давлатӣ барои таҷҳизоту тадқиқоти тиббӣ ҳамагӣ 17,4 миллион сомонӣ ҷудо шудааст ва ин нишондод соли гузашта 16,2 миллион сомониро ташкил додааст. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, бо ҷалби сармояи хусусӣ ва маблағҳои донорӣ табибони тоҷик теъдоди кофии техника ва таҷрибаро андухтаанд ва айни ҳол имкон доранд, бисёре аз амалиётҳои мушкили тиббиро гузаронанд.
Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, қаблан 100 дарсади беморон, ки ба ҷарроҳӣ ё табобати ҷиддӣ ниёз доштанд, ба хориҷа мерафтанд, аммо айни ҳол дар кишвар тақрибан барои ҳамаи амалиёти мушкили тиббӣ шароиту техника фароҳам аст. Масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки нархи хизматрасониҳо барои амалиёту ҷарроҳиҳои мушкил дар кишвар бамаротиб арзон аст. Аз ҷумла иваз намудани гурдаро мисол меоранд, ки дар Тоҷикистон ба ивази 10 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ мешавад. Дар хориҷ ин амалиёт аз 30 ҳазор доллари амрикоӣ боло меистад.
Ин аст, ки масъулини беҳдошти тоҷик мегӯянд, айни ҳол бисёре аз шаҳрвандони хориҷӣ барои гузарондани амалиётҳои мушкили тиббӣ ба Тоҷикистон меоянд ва шаҳрвандони қазоқу қирғизро мисол меоранд, ки барои иваз намудани гурда бештар ба Тоҷикистон меоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |