МАЪНИИ «ТОҶИК»
Муҳсин Умарзода
МАЪНИИ «ТОҶИК» аз нигоҳи бархӯрдҳои таърих ё бехудиҳои муаллифи «Худро бишнос»
Калимаи «тоҷик» кай пайдо шудааст ва чӣ маънӣ дорад? Забони мо чаро пеш аз Инқилоби Октябр «форсӣ» номида мешуд? Оё ин маъное дорад, ки тоҷикон форс ҳастанду аз Эрон омада бошанд? Эронинаҷод, яъне чӣ? Оё дуруст аст, ки тоҷиконро баъзе фарҳангнависон турк меномиданду бархе араб? Сортҳо киёнанд?
Ҳамаи ин масъалаҳо асрҳо инҷониб диққати олимони забоншинос, муаррихон, этнографҳо, дигар намояндагони илму адаб, оммаи мардумро ба худ ҷалб менамоянд. Дар бораи калимаи «тоҷик» дар фарҳангҳои пешина фикру ақидаҳои гуногун ва пурихтилоф аст, ки баъзан ба арсаи муборизаҳои пуршиддати идеологӣ ва сиёсӣ табдил меёфт. Масалан, дар арафаи тақсимоти миллӣ дар Осиёи Миёна мегуфтаанд, ки «тоҷик» ном халқе умуман мавҷуд нест. Дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» (шумораи 11-12, соли 1928) чунин суханони пантуркистон оварда шудааст: «ӯзбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, туркманҳо ва ғайра миллатҳое, ки ба ирқи муғул тааллуқ доранд ва ҳар якро имрӯз як миллати мустақили ҷудогона мешуморанд, дар ҳақиқат ҷузъҳои як миллатанд, тоҷикзабонон ҳам дар асл турканд, дар зери таъсири адабиёт ва маданияти Эрон забон ва миллати худро гум кардаанд. Бояд онҳоро боз турк кунем ва аз тамоми онҳо як миллати бузурги турк ба вуҷуд орем ва як давлати муаззами турк барпо созем. Дар таҳти таъсири ин мафкура ва барои ба вуҷуд овардани ин мақсадҳо мо душмани забони тоҷикӣ будем».
Суханони мутлақо беасос дар бораи турк будани тоҷикҳо нав нест. Дар «Қомус-ул-аълом»-и туркии Шамсиддини Сомӣ, ки таълифаш дар охирҳои асри ХIХ анҷом ёфтааст, гуфта мешавад: «тоҷик» дар асл номи як қавмест аз туркҳо. Дар замони ҳозира ин ном ба як тоифаи аҳолии эрониасли Осиёи Миёна, ки бо забони форсӣ гап мезананд, дода шудааст».
Ин даъво аз ҳар ҷиҳат хато ва ғалат аст. Аввалан, муаллиф тоҷиконро (ба таври ҳаққонӣ) эрониасл номидааст, аммо аз рӯи мантиқ ва ҳақиқати ҳол «аҳолии эрониасл», ки бошад, турк намебошад; сониян, ин ном ба тоҷикон на дар замоне, ки Шамсиддини Сомӣ луғаташро тартиб дода буд, дода шудааст, балки калимаи «тоҷик» ҳанӯз дар асри якуми мелодӣ, яъне қариб ҳазору нӯҳсад сол қабл аз ин дар маъхазҳои таърихӣ бо шаклу талаффузҳои гуногун маълум будааст. Ғаразнокии Шамсиддини Сомӣ бо ҷараёни фикрии ҳамонвақтаи Туркияи Усмонӣ вобаста будааст, ки он вақт чунин «назарияҳои» сохтаю бофта паҳн мешуданд.Чунончӣ, Садриддин Айнӣ дар асари «Маънои калимаи «тоҷик» (нигоҳ кунед ба маҷаллаи «Садои Шарқ», шумораи 8-уми соли 1986) ин тавр навиштааст: «Яке аз шовинистони туркони усмонӣ, ки худ бошандаи Миср буд, як вақт исбот кардан хост, ки Фирдавсии Тӯсӣ, Саъдӣ ва Ҳофизи Шерозӣ аслан турканд». Онҳо ғояи гӯё турк будани яке аз аҷдодони қадимаи халқи тоҷик—турҳо ва Туркистон будани Туронро зӯр зада паҳн карданд.
Чунин даъвоҳо имрӯз ҳам идома доранд. Масалан, турҳоро Муҳаммад Алӣ дар мақола—эссеи «Худро бишнос» (рӯзномаи «Ёш ленинчӣ», шумораҳои 30-31 августи соли 1988) турк пиндоштааст. ӯ ба тариқи далел ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ истинод менамояд. Мо дар ин ҷо барои нодуруст будани ин ақида метавонистем ҳуҷҷатҳои зиёде оварем, вале овардани фақат як иқтибос аз навиштаҳои академик А.А.Стариков кофист: «Турониён аслан киёнанд ва кишвари онҳо дар куҷост? Бешубҳа, ватани онон дар шимолу шарқи Эрон буда, сарҳадаш ба дурустӣ нишон дода шудааст: Ҷайҳун (Амударё). Аз ин рӯ, Турон—ин Варазрӯд, Мовароуннаҳр, Туркистон! Оё ин маънои онро надорад, ки турониён турканду ба эрониён муқобил гузошта шудаанд? Аммо ин гуна муқоиса ҳеҷ як асос надорад».
Баъд Стариков фикрашро давом дода мегӯяд, ки Мовароуннаҳр, ҳамчунин Хоразм, ҳоло асосан территорияҳои туркзабон мебошанд, аммо дар замонҳои қадим сарзаминҳои азалии эрониёни Осиёи Миёна, аҷдодони халқи тоҷик буданд. Аммо ҳангоме ки Фирдавсӣ аз гузаштаи куҳан ва гоҳе асотирӣ сухан мегуфт, вазъи мавҷудаи замонаш, воқеъият бо рӯҳи муосир дар манзумаи вай мунъакис мегардад. Эрони шарқӣ, Хуросон ва махсусан Мовароуннаҳр дар охирҳои асри Х арсаи ҷангҳои амирони Сомонӣ, ҳуҷумҳои дастаҳою қабилаҳои туркон буданд. Аз ин ҷангҳо мардуми меҳнаткаш азобу уқубат мекашиданд, садама ва хисорот медиданд. Зимнан бояд гуфт, ки Фирдавсӣ ва муосиронаш ба ҳамин сабаб туркҳоро ба турониён ташбеҳ кардаанд, вале ин аз лиҳози таърих нодуруст аст.
Исми қабилаи тур дар «Авасто» чандин бор омадааст (яшти 13-и бандҳои 113, 123, яшти 17-и бандҳои 55, 56 ва ғайра) ва бо номи Осу-аспа, яъне дорандаи аспи тездав зикр ёфтааст ва душмани эрониёни шаҳрнишин дониста шудааст. Турон дар шакли Турийяна омадааст. Доктор Забеҳулло Сафо (Эрон) пас аз овардани далелу ҳуҷҷатҳо ин тавр маънидод мекунад: «Ҳамин таҳқиқ моро мусоидат мекунад, ки наҷоди турониро шӯъбае аз наҷоди ориёиёни эронӣ бидонем ва хати батлон бар тамоми ишороте, ки… дар бораи турк донистани турониён шудааст, бикашем… Қавми эроние, ки… шаҳрнишин шуда буданд, қабилаҳои ориёни дигареро, ки ҳанӯз чодарнишинӣ мекарда ва ба сарзамини ободи муҷовири худ дар талаби неъмат ҳуҷум меовардаанд, бозпас меронда ва ғайр аз худ мешумурдаанд. Номи шоҳон ва паҳлавонони туронӣ монанди Франграсяна (Фаросиёп, Афросиёб), Карасавазда (Гарсеваз), Ариҷат-аспа (Арҷосп, яъне дорандаи аспи боарҷ), Вандаремайниш (дар «Шоҳнома» Андермон), Ваэсака ва хонадони ӯ ҳама номҳои ориёни эронӣ аст ва ҳеҷ як ба ҳеҷ сурат ба исмҳо ва калимаҳои уралу олтоӣ намемонанд ва мутлақан шабоҳате надоранд ва аслан ориёиёни эронӣ дар давраи тадвини «Авасто» бо қабилаҳои зардпӯсти уралу олтоӣ ҳамсоягӣ ва аз онон иттилооте надоштанд».
Турк, яъне Тунга Алп Эр дониста шудани Афросиёб ягон асоси илмӣ ва таърихӣ надорад. Гап дар сари он аст, ки халқи тоҷик низ мисли ҳамаи мардумони ҷаҳон, бо ҳамсоягони дуру наздики худ, аз ҷумла бо мардумони турк робитаҳое дошт ва дорад. Тоҷикҳо ва форсҳо аз замонҳои бостонӣ бо халқҳои Ҳиндустон, Хитой, Туркистон, Чин, Европаи Шарқӣ, Кавказ ва Сибир, кишварҳои соҳили Баҳри Миёназамин ва ғайра алоқаҳои маданӣ ва иқтисодӣ дошта, бисёр ривоятҳою қиссаву достонҳои ононро дар адабиёти худ бешу кам инъикос менамуданд. Дар навбати худ ин халқҳо низ асотири форсҳо ва тоҷикҳоро мешуниданду мехонданд ва ин ба адабиёти хаттию фаҳлавиёти онҳо бетаъсир намемонд. Чунончӣ, баъзе олимони рус дар афсонаи Еруслан Елизаревич (асри ХVI-ХVII) акси садои қаҳрамони асотирии форсу тоҷик—Рустами Золи Зар ва баъзе мазмунҳои «Шоҳнома»-ро дидаанд. Аммо бо ҳамин далел оё Рустами Золи Зарро рус буд гуфтан мумкин аст? Ҳаргиз мумкин нест. Афсонаи Еруслан Елизаревич дар заминаи ҳаёти халқи рус ба вуҷуд омадааст ва қаҳрамони миллии рус мебошад. Гурҷиҳо достони «Ростомиани» доранд, ки ба асри ХVI-ХVII мансуб аст. Дар он сюҷетҳои «Шоҳнома» ба хубӣ мушоҳида мешавад, вале бо ҳамин далел, ки Ростом, Бизани, Придони ва ғайра ба адабиёти онҳо чун қаҳрамонҳо ва номҳои гурҷӣ дохил шудаанд, Рустам, Биҷан, Фаридунро гурҷӣ номидан мумкин аст? Ҳаргиз не. Чунин мисолҳоро аз адабиёти арман, немис, итолиёӣ, туркӣ, ҳиндӣ ва ғайра бисёр овардан мумкин аст. Он чиз бегумон аст, ки мазмунҳои «Шоҳнома»-и форсу тоҷик дар байни мардумони турк (аз ҷумла уйғурҳо) паҳн гардидааст ва онҳо ин қаҳрамононро ба тарзи худ номидаанд. Инро ҳам фаромӯш набояд кард, ки шоири Балосоғун (Ҳафтрӯд) Юсуф Хос Ҳоҷиб аз шоирону олимони дарбори яке аз ҳокимони қарохонӣ буд ва азбаски аз дарбор нон мехӯрд, мебоист ҳатман қарохониёнро аз авлоди Афросиёб ва дорои таърихи ҳазорсола ба қалам диҳаду бо ҳамин мавқеи подшоҳони ин сулоларо қонунӣ гардонад. Бесабаб нест, ки шоири машҳури тоҷики ҳамон давр Саноӣ навиштааст: «Якеро аз Балосоғун расонад дар Ҳарӣ, рӯзе, якеро аз паи ноне давонад то Балосоғун».
Боз як даъвое, ки гоҳ-гоҳ дучор меоем, гӯё аслан форс будани тоҷикон, гӯё аз Эрон омадани онҳост.
Муҳаммад Алӣ мегӯяд: «Пас аз ба сарзамини мо (яъне туркҳо—М.У.) омадани вакилони қабилаи тай ба ҷои ин ки мебоист забони араб ривоҷ меёфт, дар Туркистон забони форс нуфуз пайдо кардан гирифт. Худи бадавиён ин забонро пазируфтанд ва барои тараққиёти забони форсӣ назар ба худи форсҳо сахт дилсӯзӣ намуданд. Дар ин вақт аз Эрон ба Туркистон кӯчонда оварда шудани одамони зиёде оғоз ёфт, ин ҳаракат дар маҳалҳо, алалхусус дар водии Зарафшон ранги оммавӣ гирифт. Чӣ тавре ки қаблан хотиррасон намудем, Маҳмуди Қошғарӣ дар асари худ ба таърифи Самарқанд таваққуф намуда, менависад, ки «…баъди дар ин сарзаминҳо афзудани форсиён онҳо (яъне ин сарзаминҳо—М.У.) мисли шаҳрҳои Аҷам гардиданд», аз афташ, олим дар ин ҷо шояд ҳамон сиёсати кӯчонишро ба назар гирифта бошад. Дар натиҷа дар Туркистон бо таъсири Эрон мадрасаҳо пайдо шуда, анъанаҳои забон ва адабиёти форс устуворона қарор ёфтанд».
Аз афташ, ғояи сохтаю бофтаи аз Эрон бо зӯрӣ ба Осиёи Миёна кӯчонда оварда шудани тоҷикон ва ҷорӣ намудани забони форсӣ ба дили на танҳо Муҳаммад Алӣ наздик будааст. Ин фикрро аз солҳои бистум, сиюм ва чилум бисёриҳо гаштаю баргашта такрор мекунанд. Вале мо дар ин бора як мисоли нав меоварем. Чунон ки маълум аст, шоири туркзабони асри ХI Юсуф Хос Ҳоҷиб дар достони «Қутадғу билик» чандин маротиба калимаи «тоҷикро» ба кор мебарад. Чунончӣ, ӯ менависад, ки «китобҳои арабӣ, тоҷикӣ бисёранд, онҳо бароямон маҷмӯаи дониш мебошанд». Ё дар ҷои дигар: «Тоҷикон инро дар китоб навиштаанд, агар навишта намешуд, онро кӣ мехонд?»
Юсуф Хос Ҳоҷиб боз дар як маврид мегӯяд: «Қаҳрамонеро, ки ӯ дар миёни бекҳои турк бо номи Тунга Алп Эр маълум аст, тоҷикон Афросиёбаш мехонанд».
Аммо тарҷумони як қисми ин достон Саъдулло Аҳмад дар ҳар ҷое, ки калимаи «тоҷик» бошад, онро хат задааст ва ба ҷояш «форс» навиштааст (маҷаллаи «Гулистон», шумораи 8-уми соли 1987).
Албатта, мо, тоҷикон, ифтихор дорем, ки бо мардуми пуристеъдоди форс ҳамнаҷод ва ҳамзабон ҳастем, адабиёти мо дар тӯли асрҳо муштарак буд, замонҳое буданд, ки тоҷикҳою форсҳо дар таҳти як давлат зиндагӣ мекарданд. Вале тоҷикҳо ҳеҷ гоҳ форс набуданд ва аз ин рӯ «тоҷик» маънои форсро намедиҳад. Форсҳо аслан сокинони ҷануби Эрони имрӯза буданд, ки аз қавми порт ба вуҷуд омадаанд. Онҳо дар катибаҳои ҳахоманишӣ ба таври «партҳава» номида шуданд; ҷузъи аввали ин ном, яъне «партҳ» шакли дигаре аз «паарса» мебошад, ки ҳар ду ба як маънӣ буда, бар, канор, паҳлӯ гуфтанӣ гап ҳаст. Ин номро модҳо ба ду қавми эронинаҷод—парса ва партҳава доданд, ки яке дар ин паҳлӯ ва дигаре дар он паҳлӯи кишвари мод мезистанд. Ин ном бо мурури замон соида шуд ва ба сурати «парс» ва «партҳав» даромад. Дуввумӣ бошад, дучори дигаргунии наве гашта, «р» ба «л» ва «тҳ» ба «ҳ» табдил ёфт ва калима ба сурати «паҳлав» даромад, сипас ҷои «л» ва «ҳ» иваз гардиду калимаи паҳлав ба вуҷуд омад. Дар натиҷа забони эрониёни аҳди сосонӣ «паҳлавӣ», (паҳлавонӣ) номида шуд. (Калимаи имрӯзаи «паҳлавон» ба маънии далеру зӯрманду қаҳрамон аз ҳамин ҷост). Лафзи «парс» бошад, «порс» шуд, аммо арабҳо онро ба талаффузи худ мувофиқ гардонданду дар шакли «форс» вирди забони халқҳо гардид.
Вале тоҷикон аҳолии қадимтарини Мовароуннаҳру Хуросон буданд. Қадимтарин аҷдодони халқи тоҷик, чи тавре ки аз китоби муқаддаси зардуштиён (оташпарастон) «Авасто» бармеояд, худро «арийя» меномиданд, ки маънояш боор ва шариф аст. Исми нахустин манзилгоҳашон «Айириана—ваэҷаҳ», яъне «ватани эрониён» будааст, ки бино бар ақидаи даҳҳо муҳаққиқони аввалиндараҷаи хориҷӣ ва советӣ, ин сарзамин ноҳияи Хоразм ва Хеваи кунунӣ аст. Худи калимаи Хоразм дар «Авасто» дар шакли «Хваризам» омадааст, ки аз он лафзи имрӯзаи тоҷикӣ—ховар, хур, ба маънии шарқ ва офтоб, инчунин мухаффафи замин аён мебошад.
Забоне, ки бо он «Авасто» навишта шудааст,дар истилоҳоти илмӣ чун «забони авастоӣ» ба кор меравад ва бо забони тоҷикӣ ҳамреша аст. Далелҳои зиёде ҳастанд, ки маҳз ҳамин забонҳо рафта-рафта заминаи ташаккули забони форсии дарӣ-тоҷикӣ гардиданд. Масалан, феъли ёвари «истодан», ки шакли замони ҳозираи муайян месозад, чунончи «рафта истодаанд». Эрониён ин тавр намегӯянд ва инро шунида ҳазлу шӯхӣ ҳам мекунанд, ки «Писари тоҷик дар як вақт ҳам мераваду ҳам меистад». Вале дар «Авасто» ибораи «дот истотҳанд» ҳаст, ки ҳамон дода истодаанд мебошад. Вақте ки мо тоҷиконро аз ҷумлаи халқҳои эронинаҷод ва тоҷикро аз забонҳои эронӣ мешуморем, ин ҳаргиз маънои аз Эрон омадани тоҷикҳоро надорад, ки инро қаблан низ таъкид карда будем. Бошишгоҳҳои асосии ориёиёни бостонро бисёр ховаршиносон ва муаррихон тамоми қисматҳои ҳосилхези он сӯи рӯд—Мовароуннаҳр донистаанд. Аммо калимаи «арийя» бо мурури замон ба номи наҷоди тамоми халқҳои эронӣ табдил ёфт ва дар ҳамаи давраҳои таърихӣ ин ном то рӯзгори мо боқӣ монд.
Он ҳақиқатеро, ки забони форсии дарӣ, яъне забони тоҷикон ҳам аз Эрон ба Осиёи Миёна наомадааст, балки баръакс аз маҳалҳои тоҷикнишин ба ҷанубу ғарбии Эрон паҳн шудааст, бисёр олимони советӣ, ховаршиносони Европа ва Осиё бо далелу санад таъкид намудаанд. Дар ин хусус маълумоти зери шоири кабири тоҷик Носири Хусрав (асри ХI), ки дар «Сафарнома»-аш овардааст, басо ҷолиби диққат аст. «Дар Табрез Қатрон ном шоиреро дидам, шеъре нек мегуфт, аммо забони форсӣ некӯ намедонист. Пеши ман омад, девони Мунҷик ва девони Дақиқӣ биёвард ва пеши ман бихонд ва ҳар маънӣ, ки ӯро мушкил буд, аз ман пурсид, бо ӯ бигуфтам ва шарҳи он бинавишт ва ашъори худ бар ман хонд». Сабаби забони форсӣ некӯ надонистани шоири машҳури Эрон маҳз дар он буд, ки вай забони тоҷикон аст. Бинобар ин ҳам дар Эрон барои таълифи луғате эҳтиёҷ пайдо гардид ва дар натиҷаи он дар солҳои 1065-1066 «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ тартиб дода мешавад, ки дар муқаддимаи он гуфта шудааст: «Луғати фурс—лисони аҳли Балх, Мовароуннаҳр ва Хуросон».
Биёед шунавем, ки худи эрониён ҳоло чӣ мегӯянд: «Ҳар гоҳ Тоҷикистон бигӯед, --менависад адиб ва донишманди бузурги Эрон Саид Нафисӣ, --мақсуд ҳамон сарзамине аст, ки аз оғоз ориёиёни эронӣ ва форсизабонон дар ин ҷо зистаанд ва сарзамини аслии забони дарӣ, яъне форсии адабии имрӯза аст». Саид Нафисӣ боз дар як ҷои дигар мегӯяд: «Забони дарӣ, яъне забони имрӯзи мо дар ҳамон навоҳии Осиёи Миёна, ки қисмати умдаи он имрӯз ҷузви Тоҷикистон аст, нахуст падидор шуда… сипас ба мағриб ва шимоли Эрон, ки забонаш дар давраи пеш аз ислом забони паҳлавӣ будааст, рафта ва забони саровари Эрон шудааст. Аз ин рӯ, тоҷикон ҳамзабон ва ҳамнаҷоди мо ҳастанд ва ҳеҷ бегонагӣ бо мо надоранд». Ин фикрҳоро бузургтарин шоиру олими Эрон Малик-уш-шуаро Баҳор тарафдорӣ мекунад ва дар китоби сеҷилдаи худ «Сабкшиносӣ», ки самараи меҳнати сисолаи ӯ дар боби тадқиқи забону адабиёти форс мебошад, мегӯяд, ки забони форсии дарӣ аслан лаҳҷаи аҳолии Мовароуннаҳр, Самарқанд ва Бухоро аст, ки дар ин ҷойҳо тоҷикон зиндагӣ мекунанд.
Ин гуна мисолҳоро аз гуфтаҳои олимони Эрон бисёр овардан мумкин аст, вале мо бо як иқтибос аз китоби басо калонҳаҷми «Таърихи Эрон», ки дар Теҳрон аз тарафи нашриёти «Пӯиш» чор маротиба чоп шудааст, иктифо менамоем: «Зимни садаи нуҳум дар Эрон адабиёти забони форсии кунунӣ (дарӣ) ривоҷ ёфт, адабиёти ин забон аз муҳовараи форсии тоҷикӣ гирифта шуд… Ашъоре ба ин забон суруда шуд… Осори манзуми форсии он замон (муҳимтарини онҳо ашъори Рӯдакӣ ва Дақиқӣ буданд) ба унвони сармояе аз адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ маҳфуз монданд».
Фарз кардем, ки тоҷикон форсанд. Он гоҳ чунин суханони муаллифи «Равзат-ус-сафо» Мирхондро чӣ тавр фаҳмидан лозим аст, ки ӯ аз хусуси тайёрии аҳолии шаҳри Самарқанд ба ҳуҷуми Чингиз сухан ронда гуфтааст: «Шаст ҳазор тоҷик, ки фарде аз эшон дар баробари Рустаму Исфандиёр рӯинтан буданд, ба мӯҷиби фармуда рӯй ба таъмири қалъаҳо ва ҳисорҳо ниҳоданд». Оё Эрон барои муҳофизати Самарқанд ҳайати маҳдуди қӯшунҳои худро фиристода будааст?
Агар тоҷикҳо аз Эрон омада бошанд, чаро муаллифи «Равзат-ус-сафо» онҳоро мардуми Бухоро номидааст? Масалан, ӯ чунин маълумот медиҳад: Мардуми Бухоро ба тасаввури он, ки туркон чунон мунҳазам шуданд (гурехтанд), ки дигар муовадати (баргаштани) эшон мумкин нест, аз ақиби эшон шитофтанд. Чун миёни мардуми Бухоро ва деворбаст (қалъа) масофате буд, ки атрок (туркон) муроҷиат карда (баргашта) теғ бар тоҷикон ниҳоданд». Дар ин ҷо сухан аз хусуси шаҳри Бухороро аз ҳуҷуми амир Ҳусайни муғул мудофиа кардани тоҷикон меравад. Агар тоҷикҳо форс бошанд, чаро Саъдии Шерозӣ (асри ХIII) навиштааст, ки як нафар бошандаи Эрон, яъне форс аз дарёи Уммон ба сафар баромада, «араб дидаасту турку тоҷику рум».
Муҳаммад Алӣ дар мақола-эссеи мазкур дар бораи асари «Муҳокимат-ул-луғатайн»-и Алшери Навоӣ сухан меронад ва калимаи «сорт»-ро «форс» гӯён шарҳ медиҳад. Сабаб ин аст, ки ӯ намехоҳад «тоҷик» бигӯяд: Агар «тоҷик» мегуфт, таълимоти он устодҳояш, ки забони тамоми классикҳои тоҷикро фақат «форсӣ» номида, тамоми сарвати ҳазорсолаи тоҷикро ба монополияи Эрон додан мехоҳанд, риоя намешуд. Ҳақиқати ҳол ин аст, ки форсҳоро ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ кас «сорт» наномидааст.
Дар замоне, ки Алишери Навоӣ зиндагӣ мекард, яъне дар асри ХV ва дар як қатор давраҳои дигар тоҷикҳоро «сорт» мегуфтанд, зеро дар лаҳҷаи чағатоии забони ӯзбекии он давр ин ду халқ бо ин ду ном—«турк» ва «сорт» ёд карда мешудааст. Навоӣ ба истилоҳи забони «сорт» ва мардуми «сорт» забони тоҷикӣ ва халқи тоҷикро дар назар дошт. Худи халқ бошад, худро «тоҷик» меномид. Чунончи, ҳамзамони Навоӣ—Абдураҳмони Ҷомӣ дар яке аз шеърҳояш дар бораи дӯстии ӯзбеку тоҷик сухан ронда (эҳтимол қаробати худро бо Навоӣ дар назар дошта), гуфтааст: «ӯ турк буду ман тоҷик, лек дорем хешии наздик». Навоӣ ҳам калимаи «тоҷик»-ро чанд бор ба кор бурдааст. Аз ҷумла, ӯ навиштааст: «Нигори турку тоҷикам кунад сад хона вайрона, бад-он миҷгони тоҷиконаву чашмони туркона».
Дар бораи ин ки «сорт» маҳз тоҷик аст, на форс, олимони зиёде навиштаанд. Ва ин ҳақиқат шаккеву шубҳа надорад. Мо аз адабиёти таърихӣ фақат як-ду далел меоварем, ки тоҷик будани «сорт»-ро исбот мекунад. Чунончӣ, мусташриқи маҷорӣ Вамбери дар китоби худ «Саёҳати як дарвеши сохта ба Осиёи Миёна» қайд менамояд, ки «як қисми халқ аҳолии қадимаи Хоразм—эрониёнанд. Онҳоро дар Хева «сорт» ва дар Бухоро «тоҷик» меноманд. Тоҷик будани «сорт»-ро як қатор классикони адабиёти ӯзбек низ тасдиқ мекунанд. Масалан, Муҳаммад Заҳириддини Бобир дар «Бобирнома»-и худ аз хусуси аҳолии Марғинон (Марғелон) навиштааст: «Эли соф сорт, муштзан ва пуршару шӯр элдур… Самарқанд ва Бухорода номдор ҷангара аксар марғинонидур». Тарҷума: «Мардуми он ҳама тоҷиканд. Мардуми муштзан ва пуршару шӯранд… Дар Самарқанд ва Бухоро ҷангҳои номӣ аксар марғинонӣ мебошанд». Ё худ Бобир дар бораи Исфара дар ҳамин асараш навиштааст: «Дарахтиси бисёр, вале боғчаларида аксар бодом дарахтидур, эли тамом сорт ва куҳидур». Дар тарҷумаи форсиаш мехонем: «Дарахташ бисёр, дар боғчаҳои он аксар дарахт бодом аст, мардумаш тамом кӯҳистонӣ ва сортанд».
Даҳҳо дигар маъхазҳои таърихӣ низ дар ин бора гувоҳӣ медиҳанд. Ва тариқи илова ба гуфтаҳои болоӣ метавонем хотиррасон намоем, ки «Лаҳҷат-ул-луғат»-и Муҳаммад Ҷолабӣ, луғати туркӣ ба форсии Муҳаммад Яъқуби Чангӣ ва як қатор дигар фарҳангҳо «сорт»-ро «тоҷик» маънидод кардаанд.
Муҳаммад Алӣ менависад: «…дар Турон ба тарзи дигар гӯем, дар Туркистон туркҳо зиндагӣ карда омадаанд… Қабилаҳои калони турк аз замонҳои қадим-қадим дар ҳамин макон истиқомат мекарданд, аз ҳамин ваҷҳ ин халқ ба кишвари худ номи «Туркистон»-ро додааст».
Вале ӯ нишон надодааст, ки «замонҳои қадим-қадим» кадом замонҳо будаанд: пеш аз милод ва ё баъд аз он? Аммо, чи тавре ки аз асарҳои сершумори илмӣ, аз ҷумла аз «Таърихи РСС ӯзбекистон» медонем, нуфузи туркҳо ба Осиёи Миёна фақат аз нимаи дуюми асри шашум, баъди ба як давлати бодиянишинон—ҳоқонии турк муттаҳид шудани халқу қабилаҳои Олтой, Ҳафтрӯд ва Осиёи Марказӣ оғоз ёфт. «Халқҳои турк,--менависад Е.Э.Бертелс дар китоби худ «Ҷомӣ ва Навоӣ»,--дар Осиёи Миёна ҳамон вақте пайдо шуданд, ки тамаддуни эронӣ дар он ҷо комилан ташаккул ёфта, адабиёту забони форсӣ ба комёбиҳои азиме ноил гардида буд».
Бо вуҷуди ин Муҳаммад Алӣ ҳиссаи намояндагони халқҳои туркро ба адабиёти форсу тоҷик дуру дароз таъриф намуда, ду ҷиҳатро фаромӯш кардааст ва ё дар бораи онҳо сухан гуфтанро лозим надонистааст.
Аввало ин, ки адабиёти ҳеҷ кадом халқ саросар фақат бо иштироки як худи ҳамон халқ ба вуҷуд оварда намешавад ва ҳамчунин адабиёти форсу тоҷик. Масалан, мутахассисони адабиёти рус мегӯянд, ки риштаи аҷдодони Пушкин ба сӯи Африка, Лермонтов ба Дания ва ғайра тӯл мекашидааст, вале Пушкин ва Лермонов мағз андар мағз рус мебошанд, ба забони русӣ навиштаанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ онҳоро аз насру назми рус, чун нохунро аз пӯст ҷудо кардан мумкин нест. Дар офаридани адабиёти тоҷику форс намояндагони як қатор халқҳои турк, аз ҷумла ӯзбекҳо, муғулҳо, ҳиндуҳо, урдуҳо, яҳудиҳо ва ғайра саҳм гирифтаанд, ҳамаи онҳо бо забони тоҷикӣ навиштаанд, мардуми тоҷик шеърҳои онҳоро дӯст дошта мехонанду аз бар мекунанд, онҳо гарчӣ дар тарҷумаи ҳол ба кадом халқ мансуб буданашон нишон дода мешавад, мағз андар мағз нависандагони тоҷику форсанд, дар заминаи ин адабиёт ва дар рӯҳи ин адабиёт асарҳо офаридаанд. Агар ин фикрро идома доданӣ бошем, бояд на ин ки адабиёти классикӣ, балки адабиёти советии ӯзбекро низ хотиррасон намоем, ки дар эҷоди он ғайр аз ӯзбекҳо, тоҷик, тотор, озарбойҷонӣ, қазоқ ва ғайра иштирок доранд, азбаски онҳо ба забони ӯзбекӣ менависанд, ба адабиёти тоҷик, тотор, озарӣ, қазоқӣ ва ғайра дохил намешаванд.Чунин мисолҳоро аз адабиёти ҷаҳонӣ ба таври фаровон оварда метавонем.
Адабиёти ҳар кадом халқро асосан худи соҳибони он меофаранд. Чунончӣ, дар тазкираи «Лубоб-ул-албоб»-и Авфӣ (соли 1221) сабт гардидааст, ки аз 106 шоири замони салчуқиҳо 68 нафарашон аз маҳалҳои тоҷикнишин будаанд. Дар асрҳои минбаъда низ ин адабиёт асосан зери қалами тоҷикҳо ва форсҳо тавлид меёфт.
Сониян, олимоне ҳастанд, ки иштироки туркҳоро дар адабиёти форсу тоҷик аз ҳад зиёд муболиға мекунанд ва баъзан ба дараҷаи иғроқ мерасонанд. Онҳо, аз ҷумла, қувваи бузурги ҷозибаи анъанаҳои ин адабиётро далел меоваранд. Муҳаммад Алӣ мегӯяд: «Оре, тариқи замон ва аҳли расм нуфузи калоне дорад, аз он раҳоӣ ёфтан мушкил аст. Тариқи замон ва аҳли расм, ё агар ба тарзи дигар гӯем, анъана дорои қувва, ҷозибаест, ки касро дар худ нигоҳ медорад, маҷмӯи қоида ва русуми халалнопазир гуфтанӣ гап аст. Анъана ҷонсахт ва мағлубнопазир аст. Бинобар ҳамин анъана таъсири забони форсӣ-тоҷикӣ дар Туркистон то асри ХХ тағйир наёфт». Муаллиф аз Алишери Навоӣ барои тақвияти ақидаи худ иқтибосҳо меоварад. Вале шоири бузурги ӯзбек дар бораи мағлубнопазирии расму оин ва анъанаҳо чизе намегӯяд, баръакс ӯ навиштааст: «То даме ки мулк ба дасти халифаҳо ва султонҳои араб буд, фалак вақтҳои аввал ба дабири назм бо забони арабӣ ҷилванамоиро фармуд, тавре ки Ҳассон Собит ва Лақит барин суханварони малик-ул-калом ва маъниофарини фасоҳатшиорон пайдо шуданд ва ба забони худ доди назмадоиро доданд… Чун дар баъзе иқлим ва кишвар султонҳои сорт (тоҷик-М.У.) аз лиҳози мулк мустақил шуданд, дар навбати аввал шоирони форсигӯй зуҳур ёфтанд. Вақте ки мулк аз султонҳои араб ва сорт ба хонҳои турк интиқол ёфт (гузашт—М.У.), аз замони Ҳалокухон ва аз замони султони соҳибқирон Темури Кӯрагонӣ то охири замони фарзанд… султон Шоҳрух шоироне ба забони туркӣ пайдо шуданд».
Инак, пас аз он ки нахустин давлати асримиёнагии тоҷик—давлати Сомониён аз ҳуҷуми истилогарони бегоназамин сарнагун шуд, ҳокимият пурра ба дасти ҳукмдорони турк гузашт ва барои равнақи адабиёт ба забони ӯзбекӣ имконият пайдо шуд. Вале аксар аҳли адаби туркизабон аз ин истифода кардан нахостанд. Ҳангоме ки Навоӣ аз таъини форсигӯён сухан меронад, худи ҳамон «форсигӯёни турк»-ро дар назар дошт, ки ҳатто ба супориши Султон Ҳусайни Бойқаро нигоҳ накарда, ба забони форсии тоҷикӣ майл кардаанд. «Турфатар аз ин аст, ки—менависад Навоӣ, --бар хилофи чунин тарғиб ва талқин ва эҳсон ва таҳсини подшоҳи сухандон қоидаи мутобеат ва мувофиқатро фаромӯш карда ва ҷодаи нофармонӣ ва залолатро пеш гирифта, бисёриашон, балки ҳамаашон ба форсӣ моил шуданд». Инак, дар ин бобат забон ва адабиёти тоҷик ҳаргиз гунаҳкор нест, эҳтимол сабабҳои инро дар андоза ва ҳаҷми худи анъанаҳои адабиёти туркии он замон ҷустан лозим бошад.
Бинобар ин аз ҳар намояндаи назму насри форсу тоҷик туркеро дидан ҳам дар муносибат ба ҳаққи ин халқҳо нораво мебуд. Чанде пеш дар як республикаи бародар Рӯдакӣ, Носири Хисрав барин шоирони сифр тоҷикро чун шоирони турк ба қалам доданд. Муҳаммад Алӣ пас аз суханрониҳо дар бораи саросар ба форсии тоҷикӣ навиштани туркҳо аз Туркистон расидани Рӯдакиро таъкид мекунад ва ин як ишораи пардапӯш бар он буд, ки Рӯдакӣ турк аст. Барои рад кардани ин даъво метавонистем бо як шеъри Носири Хисрав истинод намоем, вале ба назар дағалтар намуд, бинобар ин аз Ҷалолиддини Балхии Румӣ, ки ӯ низ аз ҷониби Муҳаммад Алӣ турк дониста шудааст, байтеро меоварем:
Ту моҳи туркиву ман агар турк нестам,
Донам ман он қадар, ки ба туркист «об»--«сув».
Муҳаммад Алӣ мехоҳад, ки ҳатто калимаи «Мовароуннаҳр» аз истилоҳи илмӣ бароварда ва ба ҷои он фақат «Туркистон» гуфта шавад, аммо «Мовароуннаҳр» ба ягон диёр ном шуда наметавонистааст. Дар маъхазҳои таърихӣ номҳои гуногуни Мовароуннаҳр нишон дода шудаанд, аммо мо аз худи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мисол меоварем:
Агар паҳлавонӣ надонӣ забон,
Варазрудро Мовароуннаҳр хон.
Мулоҳизаҳои Муҳаммад Алӣ аз хусуси туркӣ будани калимаи бостонии ҳинду эронӣ ва ҳинду европоии «кент» (дар «Авасто» ва паҳлавӣ—«кантан», дар ҳиндии қадим—«кҳан» ва «кҳанти», дар суғдӣ «канд», «кат» ва «ката», дар пашту «кинал»), инчунин эътимологияи баъзе шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳаргиз қобили қабул нестанд, вале агар мо ҳоло ба тариқи исботи фикрамон санаду ҳуҷҷатҳои сершумор меовардем, риштаи сухан хеле дароз мекашид ва ногоҳ аз ин худдорӣ намудем. Боз меоем ба мавзӯи асосии баҳси худ—ба маънои калимаи «тоҷик». Дар фарҳангҳо ва дар баъзе китобҳои таърихӣ гуфта мешавад, ки «тоҷик» гӯё маънои арабро дошта бошад. Сабаби пайдо шудани ин гуна даъвоҳои беасос дар он аст, ки мардуми қабилаи тай дар замони Сосониён бо забони паҳлавӣ «тозӣ» ва «тозик» номида мешуд. Бинобар ин баъзе олимон ва фарҳангнависон чунин пиндоштаанд, ки калимаи тоҷик аз қабилаи араби тай пайдо шудааст. Аз ҷумла, ин фикрро олими забардасти рус Бартолд дар китоби «Тоҷикон» пешбарӣ намуд.
Дар «Ғиёс-ул-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсиддин мехонем: «Тоҷик—арабзодае, ки дар Аҷам калон шавад ва номи вилояте ва тоифае, ки ғайриарабӣ бошад ва дар луғати туркӣ ба маънои аҳли фурс (форсҳо) навишта». Луғати «Бурҳони қотеъ», ки Муҳаммад Ҳусайн дар Ҳиндустон соли 1652 таълиф намудааст, чунин маълумот медиҳад: «Тоҷик» ғайриараб ва туркеро мегӯянд ва дар асл авлоди араб аст, ки дар Аҷам бузург шуда ва баромада бошад».
Аммо ин фарҳангнависон нишон надодаанд, ки чӣ гуна тоҷикон араб ва турк набудаанду аммо «дар асл авлоди араб» будаанд. Устод Садриддин Айнӣ дар асари зикршудаи худ менависад: «Ба фаҳми ман, хоҳ маънидоди «Ғиёс-ул-луғот» бошад ва хоҳ аз они «Бурҳони қотеъ», аз мантиқ хеле дур аст ва пойдарҳавои ночаспон аст. Дар ин маънидод на як шоҳид нишон дода шудааст ва на як манбаи таърихӣ ва инчунин ягон таҳлили забоншиносӣ ҳам карда нашудааст».
Вақтҳои охир масъалаи пайдоиши калимаи «тоҷик» диққату эътибори худи аҳолии тоҷик ва олимонро бештар ҷалб менамояд. Дар байни онҳо, ба назари мо, фикру мулоҳизаҳои Абдулло Йӯлдошев басо ҷолиби диққат ва шоистаи эътимод аст. ӯ, ки ба фикри аз «тай» баромадани калимаи «тоҷик» қатъан муқобил аст, мегӯяд: «Аввалан, сифати нисбӣ аз калимаи «тай» чӣ дар арабӣ ва чӣ дар забони устод Рӯдакӣ ба шакли «тозик» (бар вазни розӣ ва Рай) сохта нашудааст ва намешавад.Ҳотамро, ки аз қабилаи «тай» буд, чӣ арабҳо ва чӣ тоҷикон «той» мегӯянд. Абӯтаммом, шоири ҳамин қабила, ки зикраш дар «Модари май»-и устод Рӯдакӣ рафтааст, «той» ёд шудааст, на «тозӣ» ва ҳоказо. Сониян, калимаи «тай» бо «итқеъ» навишта мешавад ва ҳол он ки «тозик»-ҳои Байҳақӣ бо «то»-и мӯъҷама («т»-и оддӣ) навишта шудаанд.
Муҳаммад Алӣ ҳангоме ки дар бораи ба Осиёи Миёна омада, забони форсиро бо ҷидду ҷаҳд паҳн кардани «вакилони қабилаи тай» сухан меронад, ана ҳамин даъвоҳои аз араб пайдо шудани тоҷиконро дар назар дорад. Бинобар ин ӯ сари калобаи мантиқро гум карда, дар ҳайрат мемонад, ки чӣ тавр онҳо забони форсиро «бештар аз худи форсҳо» паҳн намудаанд.
Аммо ҳақиқат дигар буд. Садриддин Айнӣ мегӯяд: «Вақте ки Қутайба ибни Муслим дар Бухоро масҷиди Ҷомеъ бино кард, мардуми маҳаллиро, ки тоҷик буданд, маҷбур кард, ки рӯзҳои ҷумъа ба Ҷомеъ ҷамъ шаванд ва намоз гузоранд. Аммо мардуми Бухоро, ки исломро нав қабул карда буданд, ба арабӣ «Қуръон» хонданро қабул накарданд ё ин ки забонашон ба арабӣ, ки бегона буд, нагашт. Бо вуҷуди дар шароити ислом мамнӯъ будан, Қутайба рухсат дод, ки мардуми Бухоро дар намоз тарҷумаи форсии сураҳои «Қуръон»-ро хонанд.
Агар тоҷикон дар асл авлоди араб бошанд,--суханашро давом медиҳад Айнӣ, --чаро дар намоз «Қуръон»-и арабӣ нахонданд, ё ин ки хонда натавонистанд? Ва чӣ гуна тарҷумаи форсии сураҳои «Қуръон»-ро ба осонӣ омӯхтанд ва хонданд? Ва ҳол он ки воқеаи мазкур дар соли аввали тамоман фатҳ шудани Бухоро (94 ҳиҷрӣ—713) рӯй дода буд, чӣ шуд, ки тоҷиконе, ки «аслан авлоди араб буданд» дар як сол забони худро гум карда аз арабҳо дур шуданд?»
Чунон ки дидем, дар бораи маъно ва пайдоиши калимаи « тоҷик» ҳам пеш аз револютсия ва ҳам дар давраи советӣ баҳсу мунозираҳои зиёде ба амал омадаанд. Яке аз ин гуна баҳсу мунозираҳо дар саҳифаҳои маҷаллаи «Шӯро» низ инъикос ёфт. Чунончӣ дар шумораи 12-и соли 1915-и ин маҷалла, ки дар шаҳри Оренбург интишор меёфт, як мақолаи ҷамъбастӣ дарҷ гардидааст, ки дар он аз ҷумла ин тавр гуфта шудааст: «Тоҷикон яке аз қавмҳои қадимтарини Осиё буда, маълум аст, ки садҳо сол қабл аз мелоди масеҳ нахустин бор бо номҳои «тоҷик» ва ғайра ном бурда шудаанд ва пайравони мазҳаби зардуштӣ (оташпараст) мебошанд. Исми тоҷикҳо дар манбаъҳои бостонии Юнон ва Хитой, яъне дар асарҳое, ки қабл аз пайдо шудани ислом таълиф ёфтаанд, дучор меояд. Пас аз он ки аскарони араб таҳти фармондеҳии Қутайба Туркистони ҷанубӣ ва Эрони шарқиро забт намуданд, номи «тоҷик» якчанд аср нопадид мешавад. Баъд аз он аз нав пайдо мегардад. Тоҷикҳо мисли арабҳо аз қавми сомӣ нестанд, балки мансуб ба қавмҳои ориёӣ ва эрониёни асилтаринанд… Арабҳо аз рӯи таассуби динӣ дар бораи тоҷикҳо осоре боқӣ нагузоштаанд. Бинобар ин дар манбаъҳои ислом маълумоти оид ба тоҷикҳо хеле кам аст». Баъд маҷаллаи «Шӯро» ақидаҳои аз номи қабилаи тай пайдо шудани калимаи «тоҷик»-ро рад карда, илова менамояд: «Лекин шарқшиносон ба ин фикр розӣ шуда наметавонанд… Маълум аст, ки калимаи «тоҷик» аз калимаи софи форсии «тоҷ» гирифта шудааст».
Садриддин Айнӣ маънои калимаи «тоҷик»-ро хеле муфассал аз ҷиҳати таърихӣ ва забоншиносӣ—этимологӣ таҳлил мекунад, исбот менамояд, ки калимаи «тоҷик» аз «тоҷ» аст. Дурустии ин суханро нависанда ва олими эронӣ кунунӣ Алиакбари Деҳхудо, ки «Луғатнома»-е иборат аз 199 ҷилд тартиб додааст, тасдиқ мекунад: «Дар Афғонистон ва Турон наҷоде ҳастанд, ки худро «тоҷик» мегӯянд. Мубаддали лафзи мазкур тозик аст ва аз он баъзе аҳли луғат чунин қиёс кардаанд, ки маънии лафзи мазкур насли тозӣ (араб) аст, ки дар Аҷам бузург шуда бошанд. Лекин саҳеҳ (дурусташ) ҳамон аст, ки навиштам. («Ғайри арабу туркро тоҷик номанд»). Ва ин лафз дар Эрон мавриди истеъмол надорад. Фақат дар Афғонистон ва Туркистон ба форсизабонони он ҷо гуфта мешавад ва бештар дар муқобили турк истеъмол мешавад. Ва асли ин калимаи паҳлавии «тоҷик» мансуб ба қабилаи «тоҷ» аст, ки аз қабилаи Эрон буда».
Халқи тоҷик дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи худ басо фарозу фурӯди рӯзгорро дидааст.Тоҷикон аз асрҳои миёна инҷониб дар зери ҳокимияти сулолаҳои сершумори турк зиндагӣ карданд ва оҳиста-оҳиста дар бисёр маҳалҳо забони туркиро пазируфтанд. Ин протсеси туркшавии халқҳои эронинаҷод (тоҷикҳо) дар баъзе ноҳияҳо, масалан, дар Хоразм, махсусан ҳанӯз дар асри ХI суръат пайдо кард. Дар замони Абӯрайҳони Берунӣ, ки забони модариаш хоразмӣ (яъне эронӣ) буд, мардуми маҳаллӣ ба забони хоразмӣ гап мезадаанд, аммо пас аз асри ХIII забони туркӣ тамоман ҷои забони хоразмиро гирифт. Профессор А.А.Семёнов далелҳое меоварад: ҳамаи маншурҳое, ки Хоразмшоҳи Текеш муроҷиатан ба мардуми шаҳрҳои поёноби Сирдарё навиштааст, дар асри ХII бо забони тоҷикӣ будаанд, ки онҳоро мунодиён (ҷорчӣҳо) ба аҳолии бесавод кӯча ба кӯча гашта хонда медоданд.Протсеси туркшавии тоҷикон то ба ҳамин наздикиҳо давом кард. Бино ба шаҳодати профессор И.И.Зарубин худи аҳолии тоҷик инро дарк менамудаанд. Чунончӣ, сокинони деҳаи Ургут мегуфтаанд: «Мо тоҷик ҳастем, аммо фарзандонамон ӯзбек мешаванд».
Қабл аз револютсия олими кишваршиноси рус Н.Г.Павлов дар китоби «История Туркестана» навиштааст: «Мо дар арафаи эҳёи нави ин миллияти боистеъдод ва ҷонсахт—тоҷикон мебошем. То дами ин эҳё онҳо зиндагӣ не, балки ҳақирона рӯзгузаронӣ мекарданд ва ин фақру аҷз оқибати се зарбае буд, ки Чингизхон, Темур ва хонҳои манғит ба онҳо расонидаанд… Аз рӯи инсоф бояд гуфт, ки тоҷикон то кунун халқи аз ҳама сахтҷонтаранд: кам андар кам миллате мисли тоҷикон ба ин зарбаҳои сахт дучор омадааст; аммо қадре фурсати нафасросткунӣ кифоя буд, ки онҳо боз ҷон бигиранд».
Халқи тоҷик ба туфайли Октябр, дар таҳти роҳбарии партия, бо ёрию мадади халқҳои бародари советӣ ба комёбиҳои оламшумул соҳиб шуд. Имрӯз вай, монанди ҳамаи дӯстони худ, замони бозсозӣ ва ошкорбаёниро аз сар мегузаронад ва бо ҳамаи мардумон, махсусан ҳамсоягони наздиктарини худ--ӯзбекҳо паҳлӯ ба паҳлӯ истода ва даст ба даст дода, ба пешвози рӯйдодҳои навини хушу нек қадам мезанад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |