Шаҳрванди Хитой, ки дар Душанбе дар корхонаи роҳсозии чинӣ фаъолият мекард, мавриди латукӯб қарор гирифт.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, аснои баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Зокирҷон Қурбонови 36- сола, сокини ҷамоати Деҳқонободи ноҳияи Ҷиликул боздошт гардид. Маълум шуд, ки номбурда дар корхонаи роҳсозии муштараки Хитой-Тоҷикистон ба ҳайси коргари оддӣ кор карда, чанд рӯз қабл дар хиёбони Айнӣ-128 шаҳрванди ҷумҳурии мардумии Чин, Лейи 26 соларо латукӯб карда, аз ӯ як адад телефони мобилии тамғаи «ТК-Мобайл-99», ки арзишаш 200 доллари ИМА-ро ташкил медод, гирифтааст. Далели шайъӣ гирифта шуда, тафтишоти қазия идома дорад. {jathumbnail off}
Мӯҳр