Ҳунармандони тоҷик 19-уми август дар боғи “Ирам” ҷамъ мешаванд
Дар доираи баргузории Конфренсияи байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи об, ки дар Душанбе баргузор мегардад, 19-уми августи соли ҷорӣ дар боғи «Ирам», Фестивали ҷумҳуриявии ҳунарҳои бадеии халқӣ дар назар аст.
Тавре Раҳматулло Раҳматуллоев, масъули хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанг ба “Озодагон” иттилоъ дод, тибқи барномаи фестивал дар он аз минтақаҳои ҷумҳурӣ навъҳои гуногуни ҳунарҳои бадеии халқӣ – заргарӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, дуредгарӣ, зардӯзӣ, кулолгарӣ, сабадбофӣ, гулдӯзӣ, созтарошӣ, кандакорӣ, наққошӣ, қолинбофӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
“Барои меҳмонон, сокинони пойтахт ва иштирокчиёни фестивал инчунин намоиши маҳсулоти қаннодӣ, таомҳои миллӣ, анвои гуногуни нонҳо, мева, нушокиҳо ташкил карда мешавад”-афзуд Раҳматулло Раҳматуллоев.
Ӯ инчунин гуфт, ки кард, ки тамошобинони фестивал бо ҳунари гурӯҳи дорбозон, карнайнавозон, меҳтариён, дойранавозон, нақоранавозон аз наздик шинос мешаванд. Ҳамчунин дар назар аст, ки дар фестивал ансамблҳои фолклорӣ-этнографӣ, дастаҳои ҳунарӣ аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисору Шаҳринав, Турсунзода, Ваҳдат, Нуробод, Рашт, Файзобод, Варзоб, Рӯдакӣ тавассути барномаҳои рангин суруду оҳангҳо ва рақсҳои қадимаи халқиро иҷро намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |