Бахшҳо

Кабирӣ дар бораи “эҳтимоли эҷоди низоъҳои сунъӣ ва ихтилофандозӣ”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), бо интишори паёме Иди саиди Фитрро барои мусулмонони кишвар табрик гуфтааст.

Ӯ дар паёми табрикии худ бештар рӯи сабру таҳаммул ва худдорӣ аз низоъ таъкид карда, афзудааст, “сифатҳое мисли сабру таҳаммул ва тавони дарки ҳоли дигарон, ки аз мактаби инсонсози рӯза берун омадаанд, дар марҳилаи пас аз ин моҳи муборак низ ҷузъи сифатҳои доимии муъминон бошанд.”

Ба бовари Кабирӣ, “танҳо ин сифатҳо метавонанд ҷомеаи моро аз низоъву кашмакашҳо ва бархӯрдҳои фикрӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ нигоҳ доранд.” Дар ҳоле ки ба таъкиди раиси ҲНИТ, ин низоъҳо метавонанд гоҳо ба таври сунъӣ байни муъминон “атрофи масоили сатҳӣ ва бофта роҳандозӣ шаванд”, ки сабаби заъфу парокандагии онҳо мегардад.

“Шароити хоси марҳилаи оянда эҳтимоли эҷоди низоъҳои сунъӣ ва ихтилофандозиро дар бадани миллат, ба хусус байни қишри мазҳабӣ бештар мегардонад. Маҳз дар ҳамин гуна ҳолатҳо мо зарурати бештаре ба хештандорӣ ва парҳез аз ҳамагуна фитнаву низоъро дорем, ки моҳи шарифи Рамазон заминаи онро дар рафтору гуфтори ҳар як рӯзадор гузоштааст”,-илова кардааст ӯ.

Муҳиддин Кабирӣ дар охир аз Парвардигори бузург хостааст, ватану миллати азизи моро дар сояи раҳмати хеш ҳифз намояд. Иди Рамазон ё Иди Фитр яке аз ду иди мусулмонҳост, ки дар рӯзи анҷомёбии моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад. Ин рӯз дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат ё таътил эълон шудааст.
Мӯҳр
Оятуллох.
Ахсант | мухтарам чаноби оли Мухидин Кабири.

Ба Оятуллах. Хамин олияша минус мекардед чудо нагз мешуд. Дар дил задаги "чаноби оли" гуфтани хамин лаганлесхо, е шумо нахзатихо хам раис Кабириро президент карданию хамин чаноби оли гуфтана эстафета кардани ми?

Салмон
Ман шахсан нах,зати х,астам лекин манх,ам зидди чаноби оли гуякх,о хастам.

Рустам
Ташаккур чаноби Кабири. Вокеан марди ба аклу ба фарханг хасти. Худо доимо дар кишвар сулху субот пойдор бошад боки хамааш мешавад.

maaskva
shoiyad kabiri amr karda boshad janob gued

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)