Убайдуллоев аз нархҳо дар Рамазон розӣ мондааст
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, зими ҷаласаи кории шаҳрдорӣ барои таъмини фаровонию арзонии маҳсулоти ниёзи аввал дар пойтахт, ба мақомот ва тоҷирон изҳори сипос кардааст.
Дар ин бора имрӯз, 7-уми август аз котиботи шаҳрдорӣ хабар доданд.
Убайдуллоев дар арафаи моҳи Рамазон, руйхати 12 намуди маҳсулот бо нархҳояшонро тартиб дода, назорати онро ба души мақомоти пулис, кумитаи амният, додситонӣ ва оҷонсии зидди фасод гузошта буд: “Аз ҷумла 1 кг гӯшти мурғи ҶСШК “Мурғи Ҳилол”-и ноҳияи Файзобод 7 сомонӣ, гӯшти гов 29 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 30 сомонӣ, як халта орди навъи якум (аз ғаллаи дар Қазоқистон истеҳсолшуда ва навъи «Шамалған»-и аз ҷониби ҶДММ «Назириён» пешниҳодшаванда) то 130 сомонӣ, 1 литр равғани растанӣ 7,5 сомонӣ, 1 кг биринҷи ватанӣ то 7 сомонӣ, 1 кг шакар то 4,2 сомонӣ, 1 литр шир дар бозорҳо то 3,5 сомонӣ ва дар дӯконҳои сайёри ҶСШК “Комбинати шири Душанбе” 4,5 сомонӣ, 1 кг сабзӣ то 1,6 сомонӣ, 1 кг картошка то 1,5 сомонӣ, 1 кг пиёз то 65 дирам ва 1 дона тухм то 50 дирам муайян шуда буд”.
Таҳлилгарон мегӯянд, давоми моҳи Рамазон нархҳо воқеан дар бозор муътадил буданд, аммо дар анҷоми ин моҳ ва фарорасии Иди Фитр якбора боз боло ҷаҳидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |